Шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар навоҳии ҷануби Фаронса обхезии шадид, ки дар пайи боришот ба вуқӯъ пайваст, боиси марги 13 нафар гардид.
Рӯзи якшанбе Олланд ба миллат ҳамдардӣ баён карда, аз амали наҷотдиҳандагон ва онҳое, ки дар бартараф сохтани оқибати обхезӣ саҳм гузоштаанд, изҳори хушнудӣ кард.
Тибқи иттилоъи оҷонсии Франс Пресс дар коммунаи Биот, воқеъ дар Ривери Фаронса 3 нафар аз солмандони "Хонаи пиронсолон" зери об монда, ба ҳалокат раидаанд. Ба қавли наҷотдиҳандагон, як нафар дар Кан ва панҷ ронандаи дигар аснои убури нақб дар мошин ба ҳалокат расидаанд.