ВКД: онҳое, ки ҲНИТ-ро ихтиёран тарк мекунанд, ҷавобгар намешаванд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки баъд аз қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди экстремистӣ ва террористӣ эълон шудани ин ҳизб дар қаламрави кишвар бо хоҳиши худ саффи онро тарк мекунад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Шаҳрвандоне, ки узви ҲНИТ ҳастанду баъд аз қарори экстремистию террористӣ эълон шудани он бо ихтиёри худ аз саффи ин ҳизб берун мераванд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, — омадааст дар хабари сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад  ва онҳо  ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд", — таъкид кардааст, манбаъ.

ВЕД мегӯяд, танҳо шахсоне ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб идома медиҳанд ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд.

Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин  ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои  вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда бо пешниҳоди ариза супоранд.  

Лентаи хабарҳо
0