Рӯзи пиронсолон: аз тақдими гул то ибрози муҳаббати набераҳо

Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон дар шаҳри Душанбе флешмобе таҳти шиори “Бо муҳаббат аз набераҳо” баргузор шуд.

Дар доираи ин иқдом волонтиёрҳо ба кучаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон баромада, бо ҳар пиронсоле, ки рӯбарӯ шуданд, гул тақдим карда, Рӯзи байналмилалии онҳоро табрик гуфтанд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии "Пешрафт" дар якҷоягӣ бо Маркази кумак ба маъюбону пиронсолони шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Рӯзи байналмилалии пиронсолон ҳамасола санаи 1 октябр таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн 14 декабри соли 1990 бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии СММ ташкил шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0