ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар пайи амалиёти вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон ду узви дигари дастаи генерали кушташудаи Вазорати дифои кишвар Абдуҳалим Назарзода шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе кушта шудааст, менависад РИА Новости бо истинод ба ВКД.
"Ду узви дастаи генерал Назарзода, ки дар ҳамла ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр муттаҳам буданд, дар наздкии дарёи Симиганч, 20 километрии шарқи Душанбе кушта шуданд", гуфтааст ҳамсуҳбати РИА Новости
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин амалиёт аъзои дастаи генерал Назарзода муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар пайи он ду узви гуруҳи "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон захм бардоштаанд.
Амалиёти ҷангӣ алайҳи ӯ ва ҷонибдоронаш 12 рӯз дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат идома кард. Рӯзи 16-уми сентябр расман аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш хабар нашр шуд.
Бар асоси иттилои расмӣ давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи "Алфа" ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шуд. Ҳоло 139 нафар ҷонибдорони гурӯҳи Назарзода боздошт шудаанд ва даҳҳо тани дигар бо гумони узви гурӯҳи Назарзода ҷустуҷӯ мешаванд.