ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирӣ миёни 114 кишвар мақоми 80-умро касб кардааст, менависад сомонаи ин созмон.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон (42) ва болотар аз Қирғизистон (102-ҷой) меистад. Узбакистон ва Туркманистон дар ин рейтинг оварда нашудаанд.
Миёни кишварҳое, ки иқтисодашон рақобатпазиртарин ба шумор меравад, Швейтсария ном бурда мешавад, ки соли ҳафтум аст, дар садри рейтинг менишинад. Ҷойи дуюмро Сингапур ва зинаи сеюмро ИМА ишғол карданд. Олмон, Ҷопон, Ҳонконг, Финландия, Шветсия ва Британияи Кабир мутаносибан дар ҷойҳои 4 то 9 қарор доранд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) натоиҷи мазкурро бар асоси баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо аз рӯи 12 бахш — сифати муассисаҳо, инфрасохтор, суботи макроиқтисодӣ, тандурустӣ ва таълими ибтидоӣ, таълим ва тарбия олӣ, самаранокии молҳо ва хизматрасонии бозор, самаранокии бозори меҳнат, рушди бозори молиявӣ, рушди технологӣ, ҳаҷми бозори дохилӣ, рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтидори инноватсионӣ таҳия мекунад.