Неруҳои ҳавоии Амрико 160 ҷангии Толибонро дар Қундуз куштаанд

© APҶонибдорони Толибон плакатҳои кучаи Қундузро медаронанд. 29 сентябри соли 2015
Ҷонибдорони Толибон плакатҳои кучаи Қундузро медаронанд. 29 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангиёни гуруҳи Толибон бо вуҷуди талошҳои мудовими ҳукумати Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот бо онҳо ҳамлаҳои худро густариш медиҳанд.

Душанбе, 30 сен — Sputnik. Дар пайи ҳамлаҳои неруҳои ҳавоии Амрико дар ҳудуди вилояти Қундузи Афғонистон ҳадди ақал 160 ҷангии Толибон кушта шудааст, хабар медиҳад, телевизиони TOLO News бо истинод ба манобеи расмӣ.

Шаҳри Қундуз, маркази ивлояти Қундузи Афғонистон, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, рӯзи душанбе аз сӯи ҷангиёни Толибон тасарруф шудааст.

Субҳи сешанбе Вазорати дифои Афғонистон аз шуруи амалиёти худ барои бозпасгирии маркази вилояти Қундуз аз дасти ҷангиёни Толибон хабар дод.

Ба гуфтаи муовини раҳбари Шӯрои вилоят, Файз Муҳаммад Амир, шоми сешанбе ба чаҳоршанбе ҷангиёни Толибон талош кардаанд, фурудгоҳи шаҳриро ғасб кунанд. Вале нерӯҳои амниятии Афғонистон муқовимат карда, сади роҳи онҳо шудаанд, ки даргирӣ ҳанӯз миёни онҳо идома дорад.

"Баъд аз ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои амниятии кишвар ҷангиён ақибнишинӣ карданд. Нерӯҳи низомиёни кишвар аз роҳи осомонӣ ба Қундуз расиданд, вале мо интизори омадани нерӯҳои заминӣ мебошем", — афзуд ӯ. Амир илова кард, ки дар пайи даргирии дирӯза гуруҳи ҳамлагар талафоти зиёд дидааст.

Ҷангиёни гуруҳи Толибон бо вуҷуди талошҳои мудовими ҳукумати Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот бо онҳо ҳамлаҳои худро охирҳои моҳи апрел густариш доданд. Шаҳри Қундуз аз моҳи майи соли равон ба ин сӯ, дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дошт. Тибқи изҳороти мақомоти маҳаллӣ, ҷангиёни "Давлати исломӣ ҳам паҳлубапаҳлу бо ҷанговарони Толибон дар ҳоли набарданд.

Ин нахустин ҳамлаи густурдаи гуруҳи Толибон баъд аз хуруҷи неруҳои Нато ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0