Дар Тоҷикистон “Рӯзи Мавлоно”-ро таҷлил менамоянд

© Sputnik / Амир ИсаевХонаи адибон (ИН)-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Хонаи адибон (ИН)-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз аҳли зиё пешниҳод карда буданд, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷавонони кишвар дар шакли дурусту васеъ омӯзонда шавад.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бо ибтикори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар толори мавсум ба"Хонаи адибон" имрӯз, 30 сентябр баргузории маҳфили "Рӯзи Мавлоно" дар назар аст, иброз доштанд масъулини ИН дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik.

"Дар ин чорабинии фарҳангӣ уламову удабо дар бораи осору афкор ва таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ибрози назар карда, баргузории маҳфили "Мавлавихонӣ" низ дар назар аст".

Чанде қабл бархе аз аҳли зиё пешниҳод карда буданд, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷавонони кишвар дар шакли дурусту васеъ омӯзонда шавад, зеро ибратомӯзӣ аз Мавлонои Рум ва осораш барои мардум фақат фоида дораду бас.

Маврид ба ёдоварист, Созмони Милали Муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълом карда буд ва кишварҳои ҷаҳон аз қабили Туркия, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса 800-солагии Румиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карданд.  

Лентаи хабарҳо
0