Душанбе, 30 сен — Sputnik. Вакили парлумон ва раҳбари Хадамоти ҳуқуқии Ҳизби коммунистии Русия Вадим Соловев пешниҳод кардааст, барои шаҳрвандоне, ки дар бораи ин кишвар ва мақомотҳои давлатӣ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд ва он боиси коста шудани эътибори давлат мешавад, ҷазо пешбинӣ карда шавад, менависад нашрияи "Известия".
Дар ҳоли ҳозир Кодекси ҷиноии Русия дорои моддаи "Туҳмат" мебошад, ки барои шаҳрвандони паҳнкунандаи маълумоти бардурӯғ нисбат ба дигар ҳамватанони худ ҷазо пешбинӣ намудааст. Аммо аз ин модда дар баробари афроде, ки дар бораи давлат маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд, наметавон, кор гирифт.
"Агар мардум барои ёфтани сарпаноҳи нав дар кишварҳои дигар дар бораи давлати худ маълумоти бад диҳанду он баъдан исботи худро наёбад ин кори нодуруст аст. Хисороти бузурге барои давлат хоҳад шуд. Мо ҳоло лоиҳаи моддаи нави "Туҳмат дар ҳаққи давлат"-и Кодекси ҷиноиро барои ҳифзи обурӯи кишвар омода дорем",- навиштааст манбаъ аз қавли Соловев.
Интизор меравад, барои муҷримон ҷазо дар навъи ҷарима ё корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шавад. Аммо ин масъала ҳанӯз дақиқ несту мавриди баррасӣ қарор дорад.