Бознишастаҳо дар пахтазори Ҳисор кор мекунанд

Обуна шудан
Мавсими ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон дар авҷи худ қарор дорад. Аксари хоҷагиҳои деҳқоние, ки пахтакорӣ кардаанд, ҳоло ҳосили худро ҷамъ меоранд. Хоҷагии деҳқонии “Абдурауф Юсуфов”-и ноҳияи Ҳисор чинаки дувумро 28 сентябр шуруъ кард.

Ин хоҷагӣ муваззаф шудааст, ки имсол аз 7 гектар майдони пахта ҳудуди 20 тонна пунбадона ҷамъоварӣ кунад.

Хоҷагии деҳқонии "Абдурауф Юсуфов"-и ноҳияи Ҳисор бори охир аст, ки пахтакорӣ мекунад. Тавре саркор Уктам Тешаев мегӯяд, дар соли гузашта дар маҷмуъ даромади пахта хароҷоташро напӯшонидааст. Як тонна пахтаро бар ивази 700 доллари амрикоӣ фурухта, аз ҳар тоннаи он ба ҳисоби миёна то 1,5 ҳазор сомонӣ зиён дидаанд.

Лентаи хабарҳо
0