Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз осмон яхпора афтид

© Sputnik / Константин ЧалабовПораи яхро бор мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Пораи яхро бор мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд яхпорае аз осмон афтида, боиси хароб шудани гараж ва автомобили дохили он шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар ҳақиқат шаби сешанбе яхпорае бо вазни қариб  50 кг аз осмон ба ҳавлии Бароат Эргашова, сокини кӯчаи Исмоили Сомонӣ афтидааст, иброз дошт сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд Музаффар Юнусов аснои суҳбат Sputnik.

"Дар натиҷа, болопӯши гаражи мошин хароб шуда, ба нақлиёти соҳибхона низ зарари ҷиддӣ расондааст",-гуфт мусоҳиби мо.

Мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндагони мақомоти иҷроия дар ҷои ҳодиса қарор дошта, мардумро ба он наздик шудан намемонанд.

"Бархеҳо мегӯянд, ки ин порае аз ҷирми кайҳонист, дигарон бар ин назаранд, ки он аз ҳавопаймо ба замин афтидааст. Таҳқиқи масъала бошад идома дорад",-афзуд Юнусов.

Зимнан, чунин ҳодисаҳо дар минтақаҳои гуногуни олам кам иттифоқ наафтодааст. Чунин яхпораҳо аз метеоридҳои яхин ҷудо шуда, ба замин мерасанд.  

 

Лентаи хабарҳо
0