Вакили пешини парлумон Саодат Амиршоева адвокат шудааст

© Flickr \ Emmanuel HuybrechtsФемида
Фемида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ягона генерал-лейтенант миёни занҳои тоҷик Саодат Амиршоева самти фаъолияти худро тағйир додааст. Собиқ вакили дукаратаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ин ба баъд аз ҳуқуқи сокинон дифоъ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Хабарсозтарин чеҳраи парлумони гузаштаи Тоҷикистон Саодат Амиршоева ба ҳайси вакили дифоъ корро шуруъ кардааст, дар ин бора худи ӯ дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.

Ба гуфтаи хонум Амиршоева, рӯзи 29 сентябр рӯзи дуюми кории ӯ ба ҳайси вакили дифоъ ба шумор рафта, утоқи корияш дар дафтари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази ивлояти Хатлон ҷойгир аст.

"То ҳол касе муроҷиат накардааст. Аммо фикр мекунам, агар донанд, ки ман вакили дифоъ шудаам, шумори муроҷиаткунандагон кофӣ хоҳад шуд. Ман дониши мукаммале дар соҳаи додгустариро дорам ва бо ҳамаи парвандаҳо сарукор хоҳам гирифт", гуфмегӯяд ӯ.

Саодат Амиршоева дар ду парлумони гузаштаи ахири Тоҷикистон пайи ҳам курсиеро дар ихтиёр дошт. Ӯ яке аз чеҳраҳои хабарсозе ба шумор меравад, ки пешниҳодҳои ӯ дар парлумон ҳамеша баҳсбарангез буданд. Амиршоева моҳи марти соли 2013 дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон манъи издивоҷҳои хешутабориро пешниҳод карда буд. Зеро ба бовари ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд. "Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст",-таъкид дошта буд Саодат Амиршоева.

Лентаи хабарҳо
0