Ҷашни арӯсӣ дар Яман: даҳҳо нафар кушта ва теъдоде захмӣ шуданд

© AP / Hani MohammedАмалиёти наҷотдиҳӣ дар Яман
Амалиёти наҷотдиҳӣ дар Яман - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймоҳои эътилофии давлатҳои арабӣ, ки роҳбарии ононро Арабистони Саудӣ ба зимма дорад, ба хаймаҳои арӯсии шаҳри соҳилии Моҳа (Яман), воқеъ дар соҳили баҳри Сурх мушак партоб карданд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ҷангандаҳои ҳавоии эътилофи арабӣ ба ҷониби хаймаҳои наварӯсон дар маҳаллаи ал-Ваҳгаи шаҳри Моҳа, воқеъ дар соҳили баҳри Сурх мушак партоб карданд, дар пайи он даҳҳо нафар ҳалоку теъдоди аз одамон ҷароҳат бардоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории ямании "Хабар Нюс".

Шарҳи муовини вазири хориҷаи Эрон дар бораи амалиёти низомӣ дар Яман

"Ҳавопаймоҳои марбути эътилофи арабӣ ба хаймаҳои наварӯсон чанд мушак партоб карданд, дар яке аз ин хаймаҳо занони ба ҷашни арӯсӣ даъватшуда ҳузур доштанд",- қайд мекунад оҷонсӣ.

Хабаргузорӣ шумори дақиқи кушташудагон ва маҷрӯҳонро наменависад, аммо мегӯяд, наҷотдиҳандагон дар маҳалли ҳодиса ба захмиён кӯмак мерасонанд.

26 марти соли равон дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд. Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс ва дархости президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ оғоз ёфта буд.   

Лентаи хабарҳо
0