Ҳамасола ҳафт рӯзи ахири моҳи сентябр пурра ҳамчун ҳафтаи байналмилалии ношунавоён (International Week of the Deaf) таҷлил мешавад, ки рӯзи охирини он Рӯзи байналмилалии ношунавоён ҳисобида шуда, ба рӯзи якшанбе рост меояд. Дар Душанбе тасмим гирифтаанд, ин рӯзро дар рӯзи аввали ҳафта, душанбе ҷашн бигиранд.
Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт беш аз 5% аҳолии сайёра, 360 миллион нафар (328 миллион калонсол ва 32 миллион кудак) аз заъфи шунавоӣ ранҷ мебаранд. Дар Тоҷикистон ҳам шумори нафароне, ки аз заъфи ношунавоӣ доранд, ба беш аз 30 ҳазор нафар мерасад.