Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик дар Арабистони Саудӣ

© Sputnik / Амир ИсаевГуруҳи зоирин дар фурудгоҳи Душанбе
Гуруҳи зоирин дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз даргузашти ду зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ду нафар аз ҳоҷиёни тоҷик бар асари сактаи қалбӣ ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ дар сарзамини муқаддас даргузаштанд, гуфт сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим дар суҳбат бо Sputnik.

Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, ин ду нафар — сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода Гулсара Тоҷиева ва сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Соҷида Норова мебошанд, ки қаблан аз бемории қалб ранҷ мебурдаанд.

"Роҳбарияти Кумита ва ситоди "Ҳаҷ-2015" ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори таслият ва ҳамдардии амиқи худро баён медорад", — афзуд сухангӯи Кумита.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шудааст. Имсол 50 дарсади зоирини тоҷикро ба Арабистони Саудӣ ширкати хусусии "Сомон-Эйр"-и Тоҷикистон ва 50 дарсади дигарро ширкати саудии "Flynas" интиқол дод.

Лентаи хабарҳо
0