ДУШАНБЕ, 28 сентября — Sputnik. Дар пайи ба амал омадани сӯхтор дар бинои 16-ошёна, воқеъ дар кӯчаи Сино-41-и шаҳри Душанбе 6 хона қисман хароб шуда, талафоти ҷони миёни сокинон ва оташнишонҳо ба қайд гирифта нашудааст, менависад сомонаи ВКД.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи ёрирасонӣ сар зада, алангаи он ба дигар ҳуҷраҳои ҳамшафат доман паҳн намудааст.
"Дар хонаи ёрирасон, воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои 16-ошёнаи кӯчаи Сино-41, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба шаҳрванд Тилло Зиёдуллоев, соли таваллудаш 1968 сӯхтор ба вуқӯъ пайваст. Алангаи оташ инчунин ба дигар ҳуҷраҳои ҳамшафати он доман паҳн намуда, масоҳати умумии сӯхтор 800 метри мураббаъро дар бар гирифт", афзудааст манбаъ.
Маблағи аз сӯхтор эминшуда ба 10 миллион сомонӣ баробар мебошад. Дар ҳоли ҳозир омилҳои сухтор мавриди таҳқиқ қарор дорад.