Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон: Фолу ҷоду ҷиноят эълон шаванд

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкФолбонӣ тавассути даст. Акс аз бойгонӣ
Фолбонӣ тавассути даст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эҳтимол меравад, фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида шавад.

ДУШАНБЕ, 25 сентябр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки тибқи он фолбонӣ ва сеҳру ҷоду дар кишвар ҷиноят ҳисобида хоҳад шуд, навиштааст сомонаи президент

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар сурати тасдиқи ин тағйирот дар парлумони кишвар ҷавобгарии ҷиноӣ барои сеҳру ҷоду шадид хоҳад шуд.

"Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст", меафзояд манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик тайи солҳои охир мубориза алайҳи сеҳру ҷоду ва фолбинҳоро шадид карда, бисёре аз боздоштшудагонро аз рӯи моддаи қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд. Бархе аз фолбинҳо бо ҷарима халос мешуданд, чун тибқи қонунгузории феълӣ сеҳру ҷоду ба гуруҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дохил мешавад.    

Лентаи хабарҳо
0