Мақомот омили эҳтимолии ҳодисаи хунини Маккарро эълон карданд

Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии шоҳигарии Арабистони Саудӣ Мансур ат-Туркӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, сабаби издиҳом ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар Макка метавонад, бархурди ду гуруҳи бузурги зоирин бошад.

Мақомоти Арабистони Саудӣ сабаби эҳтимолии ҳалокати 717 нафару захмии 863 зоир ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ дар шаҳри Маккаи мукаррамароо дар бархурди ду гуруҳи ҳоҷҷиён мебинанд. Дар ин бора намоянддаи расмии Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ Мансур ат-Туркӣ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Ба эҳтимоли зиёд сабаби ин ҳодиса бархурди ду гуруҳи бузурги зоирин ба ҳамдигар ҳангоми убури кучаи 204 ба 203 метавонад бошад, ки ба самтҳои гуногун мерафтанд. Албатта барои ин чизе сабаб шудааст, ки мо бояд онро муайян кунем. Мо дар таҳқиқи омилҳои ин қазия ба ҳеч ваҷҳ таъхиркорӣ нахоҳем кард. Ин ҷо кормандони пулис иштибоҳ кардаанд ё ташкилкунандаҳо ҳатман муайян хоҳад шуд", — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Мансур ат-Туркӣ, маъмурини амниятии Арабистони Саудӣ ба ин қазия зуд расидагӣ карда, барои интиқоли захмиён ба беморхонаҳо сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шудаанд.

Ба қавли вазири тандурустии шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид Фалоҳ, сабаби ин бархурд риоя нашудани ҷадвали тартибдодаи ташкилкунандагони ҳаҷ аз сӯи зоирин мебошад.

Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки ҳоҷиён субҳи панҷшанбе саъй мекарданд дар Ҷамарот ба шайтони рамзӣ санг зананд. Тақрибан 2 миллион зоир дар сангзанӣ ба шайтони рамзӣ ширкат карданд ва он яке аз маросимҳои аслии ҳаҷҷи 5-рӯзаи зоирон дониста мешавад.
Қаблан омили аслии ба миён омадани ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ риоя нашудани ҷадвали тартибдодаи мақомоти саудӣ барои зоирин аз кишварҳои хориҷӣ арзёбӣ шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти саудӣ қаблан ба ҳамаи зоирин ҷадвали тартибдодаи худро, ки тибқи он ҳоҷҷиён мебоист ба дар Ҷамарот бираванд, расонида буданд.

Дар пайи ин ҳодиса валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Найф ал-Сауд фармон дод, барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи вижа ташкил карда шавад.

Дар оғози маросимҳои ҳаҷ низ крани сохтмонӣ ба рӯи Масҷиди ҷомеъ афтод ва дар он 107 нафар кушта, 350 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0