БМТ: хориҷиҳо ба мо кумак мекунанд

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои беҳбуди вазъи молияш аз созмонҳои байналмилалӣ хоҳиш кард, ба он кумаки техникӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Барои беҳбуди вазъи молии Бонки миллии Тоҷикистон кумаки техникии ниҳодҳои пулии байналмилалӣ ниҳоят зарур аст, менависад сомонаи БМТ.

сомонии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
БОР: афзоиши таваррум дар баробари коҳиши қурби сомонӣ

Раиси БМТ ин масъаларо зимни як ҷаласа бо ҳузури раҳбарони баъзе аз ниҳодҳои пулии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Агентии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ намудааст.

"Зимни шинос намудани ҳозирин бо Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, изҳор карда шуд, ки чиҳати амалӣ намудани дурнамои рушди бонк ҷалби кумакҳои техникии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ зарур мебошад", — афзудааст манбаъ.

Нақшаи стратегии ин бонк барои солҳои 2015-2019 ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи молӣ ва гузаронидани ислоҳот дар БМТ қабул шудааст.

Интизор меравад барои роҳандозии сиёсати пулии муассир ва ба танзим овардани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти БМТ дар ин ниҳод ислоҳот гузаронида шавад.

Лентаи хабарҳо
0