Кумита: ҳоҷиёни тоҷик саломатанд

© APҶасади одамоне, ки зимни издиҳом дар Мино фавтиданд, 24 сентябри соли 2015
Ҷасади одамоне, ки зимни издиҳом дар Мино фавтиданд, 24 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан ҳоҷиёни тоҷик маносики ҳаҷро ба охир расониданд ва дар назар аст, аввалин парвози эшон ба ватан 28-29 -уми сентябр оғоз гардида, то 14-уми октябр идома ёбад, омадааст дар хабари кумита.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар фоҷиае ахире, ки дар Макка зимни адои Ҳаҷ ба вуқуъ пайваст ва боиси талафоти зиёди ҷонӣ шуд, ҳоҷиёни Тоҷикистон осебе надидаанд, хабар медиҳад сомонаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ.

Феълан ҳоҷиёни тоҷик маносики ҳаҷро ба охир расониданд ва дар назар аст, аввалин парвози эшон ба ватан 28-29 —уми сентябр оғоз гардида, то 14-уми октябр идома ёбад, омадааст дар хабари кумита.

Ёдрас мешавем, 25 сентябр зимни адои маросими ҳаҷ дар водии Минои Макка дар натиҷаи ҷамъ шудани шумори зиёди зоирин чанде аз ҳоҷиҳо зери по афтоданд, ки дар натиҷа афроди дигар худро идора карда натавониста, боиси марги бештар аз 700 ва ҷароҳати бештар аз 800 нафар гардид.

Имсол аз Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ 6 ҳазору 300 нафар ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.  

Сомонаи Кумитаи дин хабар медиҳад, ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадина парвоз кардаанд, дар навбати аввал ба ватан фиристода мешаванд. Зоироне, ки ба самти Ҷидда парвоз анҷом дода буданд, аз 8 то 10 рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан бармегарданд.

Лентаи хабарҳо
0