Равил Ғайнуддин: Масҷиди марказии Маскав рамзи имони мост

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкРавил Ғайнуддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Масҷиди марказии Маскав
Равил Ғайнуддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Масҷиди марказии Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскавро рамзи иттиҳод ва имону эътиқод хонд.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин маросими ифтитоҳи Масҷиди марказии шаҳри Маскавро ҳодисаи таърихӣ хонд. Ба гуфтаи ӯ, ин масҷид дар роҳи "таҳкими сулҳу бародарӣ ва рушди фарҳангу ҳамсоядории ҳасана миёни мардум ва кишварҳо" мусоидат хоҳад кард.

Маросими ифтитоҳи Масҷиди марказии пойтахти Русия рӯзи 23 сентябр бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин ва ҳамтои туркаш, Раҷаб Таййиб Эрдуғону раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос баргузор шуд.

"Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ин рамзи иттиҳод ва имону эътиқоди мост! Рӯзи ифтитоҳи ин масҷид ҳодисаи муҳими миллӣ барои Русия ва хабари хуше барои ҷаҳони Ислом хоҳад буд", гуфтааст ӯ.

Раиси Шӯрои муфтиёти Русия таъкид кардааст, ки ифтитоҳи ин масҷид дар оянда ҳам манфиати бузург хоҳад дошту барои таҳкими истиқлолияти маънавию миллии ин кишвар, тавсеаи сулҳ миёни пайравони адёну қавмҳо ва таҳкими ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа ва рушди равобити дуҷонибаи Русия бо ҷаҳони Ислом хидмат мекунад.

Саҳни Масҷиди ҷомеи Маскав дар пайи ин бозсозӣ то 20 маротиба калонтар карда шудааст. Ҳоло масоҳати умумии ин масҷид наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар як вақт 10 ҳазор нафар метавонанд, намоз гузоранд. Бинои 6-ошёнаи ин масҷид бо 7 лифту роҳравҳои васеъ таъмин аст. Дар толорҳои гирду атроф мониторҳое овехта шудааст, ки ҳолати толори марказиро намоиш медиҳанд. Бузургтарин гунбади он 46 метр баландӣ ва 27 метр паҳноӣ дорад.

Ба қавли масъулини Шӯрои муфтиёти Русия ин масҷид бузургтарин масҷид дар Аврупо хоҳад буд. Он дар баробари доштани толорҳои адои намоз инчунин китобхона, толор барои гузаронидани конфронс, осорхона, намоишгоҳ, дафтари матбуотӣ, меҳмонсаро ҳам дорад. Инчунин қарор аст, дар он Донишкадаи исломию мадраса ва маркази фарҳангӣ ҳам боз шавад.

Лентаи хабарҳо
0