Сироҷиддин Аслов ба Ню Йорк рафт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Ню Йорк рафт. Ин иҷлосия аз 21 сентябр то 5 октябри соли равон идома хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 21 сентября — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба хотири иштирок дар иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 сентябр ба шаҳри Ню Йорки Амрико сафар кард, хабар медиҳад сомонаи ВКХ.

Манбаъ меафзояд, ки интизор меравад, Сироҷиддин Аслов дар ҷараёни сафари худ ба Ню Йорк бо бархе аз ҳамтоёни хориҷии худ мулоқот ва гуфтугӯ намояд.

"Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлос ширкат меварзад", — навиштааст сомонаи ВКХ.

Ба иттилои манбаъ, иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ню Йорк баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0