Маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоот ВАО-ро нигарон кард

© Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Қаршибоев. Акс аз бойгонӣ
Нуриддин Қаршибоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон сари вақт пахш нашудани хабарҳои расмӣ дар мавриди ҳодисаҳои ахири кишварро нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон унвон карданд.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ду созмони рӯзноманигории Тоҷикистон — Шӯрои васоити ахбори омма ва Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи миллии Тоҷикистон сари вақт пахш нашудани хабарҳои расмӣ дар мавриди ҳодисаҳои ахирро нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар хондаанд, мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.

Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: боздошти аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ дар Тоҷикистон

Қаршибоев, ки ҳамзамон роҳбарии ҳар ду созмонро бар дӯш дорад, гуфт, дар изҳорот ҳамчунин аз боздошти Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Абдуқаҳори Давлат ва Зарафо Раҳмонӣ — аъзои фаъоли ҲНИТ, ки ҳамчунин фаъолияти рӯзноманигорӣ доштаанд, нигаронӣ шудааст.

Дар ин изҳорот дар пайванд ба ҳодисаҳои ахири кишвар аз ҷумла гуфта шудааст, ки "мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосотӣ ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун ва бо риояи манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор бигирад. Мутаассифона, норасоии маълумоту ахбори дақиқ аз манбаъҳои расмӣ зимни қазияҳои моҳи сентябри соли равон расонаҳои хабарии кишвар ва хориҷиро, ки вазифаашон расонидани маълумоти мӯътамаду санҷидашуда аст, ба мушкилоти касбӣ дар инъикоси ин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ кард. Дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо мусоидат мекунад".

"Дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои мустақил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд. Ин ҳолат масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад", — зикр кардаанд созмонҳо.

Дар ин изҳорот, Шӯрои ВАО ва НАНСМИТ аз боздошти Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳори Давлат ва Зарафо Раҳмонӣ, аз аъзои фаъоли ҲНИТ, ки ҳамчунин фаъолияти рӯзноманигорӣ доштаанд ва дар пасманзари ҳодисаҳои ахири кишвар аз сӯи мақомот боздошт шуданд, нигаронӣ кардаанд.

Акбаралӣ Сатторов: Матбуоти тоҷик рисолати касбияшро иҷро менамояд

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад, ки "илова ба ин, дар пайи боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита ба ҳодисаҳои ахир, бархе аз ҳамкасбони мо чанд рӯз боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода- сармуҳаррири нашрияи "Наҷот"-и ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Раҳмонӣ- масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онҳо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд".

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат ва Зарафо Раҳмонӣ 5 рӯзи пеш ҳамроҳ бо 10 тан аз фаъолони ҲНИТ аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шуда буданд, вале то кунун ҳеҷ айбнома нисбаташон эълон нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0