ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Агар раҳбарияти Сурия барои иштироки сарбозони рус дар амалиётҳои низомии неруҳои ин кишвар муроҷиат кунад, он дар сатҳи иртиботи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд, мегӯяд, сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Вазири корҳои хориҷии Сурия рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки агар зарурате пеш ояд, раҳбарияти ин кишвар иштироки сарбозони рус дар амалиётҳои низомӣ алайҳи гуруҳҳои террористиро аз Маскав хоҳиш хоҳад кард.
"Агар дар сатҳи намояндагони ду кишвар чунин як муроҷиат аз сӯи мақомоти расмии Сурия сурат бигирад, он ҳатман мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Вале ҳоло фаразан дар бораи ин масъала чизе гуфтан ғайриимкон аст",- изҳор дошт Песков дар суҳбат бо хабарнигорон.