ВКД: 139 ҷонибдори Назарзода боздошт ва 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд

© SputnikРустои кӯҳи дар дараи Ромит
Рустои кӯҳи дар дараи Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар натиҷаи амалиёти 12-рӯзаи мақомоти қудратӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, 139 гумонбар боздошт шуда, нисбати 100 нафари онҳо парванди ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ шурӯъ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба иттилоъи манбаъ, дар рафти амалиёт 27-нафар аъзоёни гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим"безарар гардонида шуда, бо ёрӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомот 28-нафари дигар дастгир шуда, 11 гумонбар ихтиёран таслим гардиданд.

Теъдоди кушташудаҳо дар миёни мусаллаҳон бошад, 27 нафар гуфта шуда, ба гуфти масъули ВКД, капитани милиса, Нусратулло Саидов,баъзе аз ҷангиён ба ҳангоми дастгир шудан, либоси занонаро ба бар карда, мехостанд  фирор кунанд, вале боздошт шуданд. Вазорат мегӯяд, ки аксари боздоштшудаҳо узви ҲНИТ мебошанд.

ВКД ва КДАМ: амалиёти вижа алайҳи “генерали фирорӣ” анҷом ёфт

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи "саркардагон"-и ин гурӯҳ ва "ҳаммаслакон"-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.

Зимнан, рӯзи 17 сентябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти 13 узви фаъоли ҲНИТ-ро тасдиқ карда, гуфт, онҳо ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо амалҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини кушташудаи вазири дифои кишвар дастгир гардидаанд. Дар миёни онҳо — мувоини аввал ва муовинони раиси ҲНИТ — Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Воҳидхон Қосиддинов, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва як зан- ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ мебошанд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, генерал Назарзода гӯиё бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гуруҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад.

Лентаи хабарҳо
0