Оқибати заминларза дар Чили: киштиҳо дар соҳилу кӯчаҳо зери об

Обуна шудан
Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чилӣ аз мавҷи 4,5 метрии сунамӣ дар шаҳри Кокимбо хабар дода, дар пайи он ҳудуди як миллион сокини ин кишвар ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд. Наворҳои мазкурро аз маҳалли ҳодиса бубинед.

Шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбеи ҳафтаи равон заминларза дар соҳилҳои Чилӣ ба вуқуъ пайваст, ки Хадамоти геологии ИМА шиддатнокии онро 8,3 бал хонд. Маркази заминларза дар 54 километрии шимолу ғарби шаҳри Иляпел ва 228 километрии шимоли Сантяго ба қайд гирифта шудааст.

Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чилӣ аз мавҷи 4,5 метрии сунамӣ дар шаҳри Кокимбо хабар дода, дар пайи он ҳудуди як миллион сокини ин кишвар ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0