ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Петер Буриан дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст, менависад дафтари матбуоти ВКХ.
"Петер Буриан дар мавриди ҳаводиси ахире, ки дар кишвар рӯй дод, бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд",- омадааст дар хабари сарчашма.
Манбаъ меафзояд, дар ин вохурӣ, ки роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Хидайет Бишчевич ҳам ҳузур дошт, равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба миёни Аврупову Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.