Боздошти ҷавони 23-сола ба иттиҳоми таҷовуз дар Душанбе

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкДастгиршуда. Акс аз бойгонӣ
Дастгиршуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти пулиси Тоҷикистон алайҳи як сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини 23-солаи пойтахтро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт кардаанд, менависад дафтари матбуотиb ВКД.

"Рӯзи 16 сентябри соли равон ба Шӯъбаи умури дохилии Фирдавсӣ зани 21-сола аз шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар хонаи истиқоматиаш марди 23-сола аз пойтахт, бо роҳи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз намудааст",- навиштааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, ки гумонбар аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ боздошт шуда, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0