ВКД: дар ноҳияи Рӯдакӣ “милиса”-и дурӯғин дастгир гардид

© Sputnik / Андрей СтенинБоздошт
Боздошт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар додааст, ки худро корманди мақомоти пулис муаррифӣ карда, тамаъҷӯӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар пайи баргузории амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони РКД-и шаҳри Душанбе як сокини 29-солаи пойтахт рӯзи 16 сентябр ба иттиҳоми талаби пора бо роҳи зуроварӣ аз сокинон боздошт шуд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

"Муайян карда шуд, ки дастгиршуда чанд рӯз қабл дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва зӯроварӣ 600 доллари амрикоӣ гирифтааст",-омадааст дар хабари сарчашма.

Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, ки ҳоло дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0