Таърихи дин – дарсе, ки аз газет омӯзонида мешавад

© Sputnik / Ёкуб ХалимовДарси таърих дар мактаби миёна
Дарси таърих дар мактаби миёна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ду ҳафта ба ин сӯ дар макотиби миёнаи Тоҷикистон барои хонандагони синфи 9 фанни Таърихи дин ҷорӣ шудааст, аммо омӯзгорон ҳоло намедонанд ба хонандагон чиро таълим бидиҳанд...

Хонандагони синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №66 шаҳри Душанбе дар баробари хонандагони макотиби дигар сар аз аввали соли хониш дарси нав — Таърихи динро меомӯзанд. Ин фан бо фармони вазорати маориф ва илми кишвар ҷорӣ шуд, ки ҳадафаш ошно кардани мактаббачаҳо бо таърихи динҳои умдаи ҷаҳон ва ба вижа ислом аст.

… Омӯзгори тақрибан 40-сола — Дилбар Аминова, ҳамон тавре ки аз минбарҳо садо медиҳад, бо либоси миллӣ — куртаи қирмизӣ ва рӯймоли чинӣ ба дарс гуфтан шуруъ мекунад.

"Хуб бачаҳо, ҳоло ки мо китоби дарсӣ надорем, аз вазорати маориф супориш шудааст, ки газетаи Омӯзгорро истифода кунем. Дар ин ҷо як мақола дар бораи пайдоиши динҳо ҳаст, дарси имрӯзаро ба ҳамин мавзуъ мебахшем", — бо садои нарм, аммо каме баландтар оғоз мекунад муаллима.

Аз ҳарфзаниаш пайдост, ки ё таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ надорад ва ё Таърихи динро ба қадри кофӣ намедонад. Баъдтар вай худаш иқрор кард, ки муаллимаи фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ аст.

"Дар моҳи август дар вазорати маориф як семинар доир карданд ва бароямон дастур доданд, ки Таърихи динро омӯзонем. Дар асоси ҳамон семинар дарс медиҳем. Албатта, ҳоло душвор аст, на китоб аст, на ягон воситаи аёнӣ — шиори лавҳаҳо, вале умед дорем, ки бо дастрас шудани китоб осон мешавад", — меафзояд Аминова.

Вазорати маориф ваъда кардааст, ки то авоили октябр ҳатман ин китобро дастрасӣ хонандагон хоҳад кард.

Азиза Турсунова, як хонандаи синфи 9-и он мактаб мегӯяд, донистани таърихи дин барояш ҷолиб аст. Вай гарчанде ҳич китоби диннӣ нахондааст, аммо номи чанде китобҳои динниро медонад.

"Қуръони Маҷид ҳаст, Чаҳоркитоб ҳаст, Ҳафтяк ҳаст, Қоидаи Бағдодӣ ҳаст", — бо ангӯштонаш бармешуморад Азиза.

Хонандаи дигари он мактаб — Саидамини Атохӯҷа чаҳор сол дар Литсейи исломӣ таҳсил кардааст. Имсол, ки Литсейи исломӣ баста шуд, вай ба мактаби №66 шомил шудааст. Дониши диннии Саидамин амиқтар аз дониши омӯзгораш аст, вале бо вуҷуди ин вай хомӯшона дарси устодашро гӯш мекунад.

"Ҳамин бачаро дар баробари дониши динниаш ахлоқаш ҳам хуб аст, эҳтиром мекунад омӯзгоронро. Кошкӣ таълими Таърихи динро аз синфи 5 шуруъ мекарданд. Ахлоқи хонандагон коста шудааст, мумкин тавассути ҳамин дарсҳои диннӣ — панду андарз бачаҳо боодоб мешуданд. Ҳамин Саидамин намунаи он аст, ки дарси диннӣ метавонад хонандагонро боодобу ахлоқ кунад", — изҳор медорад Дилбар Аминова.

Таърихи дин дар ҳафта як соат танҳо барои хонандагони синфи 9 таълим дода мешавад. Дар сол ҳамагӣ 34 соатро дар бар мегирад.

Китоби дарсиро Пажуҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи улуми Тоҷикистон таҳия мекунад. Зимни нишасти хабарӣ дар моҳи июли имсол Нуриддин Саид хабар дода буд, ки китоби мазкур то авоили сентябр таҳия ва нашр хоҳад шуд.

© SputnikЗаписи в школьной тетради по истории религии
Записи в школьной тетради по истории религии - Sputnik Тоҷикистон
Записи в школьной тетради по истории религии

Мудири Пажуҳишгоҳи рушди маориф Шарифмурод Исрофилов мегӯяд, Таърихи дин миёнаҳои моҳи август таҳия шуда буд. Ба далели ин ки забони китоб олимона будааст, дар таҳрир ва барои хонандагон фаҳмотар гардонидани он фурсат сарф шудааст. Ҳоло китоб дар дасти чоп аст, мегӯяд ҷаноби Исрофилов.

Мудири Маркази табъу нашри назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Комил Исоев ба Sputnik гуфт, Маҷмааи табъу нашри Шарқи озод тендерро буридааст ва дар пайи нашри китоб аст.

"Ҳоло гуфта наметавонем, ки китоб кай ба дасти хонанда хоҳад расид. Чунки ин китоб бояд бо теъдоди 180 ҳазор нусха чоп шавад. Ба камиаш барои ин теъдод китобро чоп кардан аз 9 то 12 моҳ вақт даркор", — изҳор дошт ҷаноби Исоев.

Вай таъкид мекунад, ки дар сурати сари вақт нашр нашудани китоб, мавзуҳои он дар нашрияи Омӯзгор ба табъ хоҳад расид ва хонандагон метавонанд аз он нашрия истифода кунанд.

Лентаи хабарҳо
0