Паноҳҷӯён дар назди девори Маҷористон: "Меркел, моро наҷот деҳ"

Обуна шудан
Ҳазорон гуреза дар наздикии марзи Сербияву Маҷористон ӯрдугоҳ сохта, аз амалкарди Маҷористон ибрози нигаронӣ мекунанд. Ин кишвар аз ворид шудани муҳоҷирин ба ИА тариқи марзи ҷанубу шарқиаш девори ҳифозатӣ бунёд карда, ҷилавгирӣ менамояд.

Гурезаҳо дар наздикии се нуқтаи дидбонгоҳии сарҳади Сербия ва Маҷористон, дар маҳаллоти мавсум Реске, Хоргош ва Ашоттхал ӯрдугоҳ сохтаанд.

Ҳоло паноҳҷӯён бо овози баланд дод мезананд: "Меркел! Меркел!". Бархе аз гурезаҳо деворҳои ҳифозатиро ҷунбонида шавқун мекунанд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди муҳоҷирон рӯ ба афзоиш дорад, зеро аз қаламрави Сербия ба ин ҷо издиҳоми паноҳҷӯён меояд. Вазъият мутташаниҷ аст.

Маҷористон пас аз ба ҳукми қонун даромадани қонуни ҷадид дар бораи паноҳандагон марзҳояшро ба рӯи онҳо дар сарҳади Сербия баст. Ҳоло фақат ба онҳое иҷозаи вуруд дода мешавад, агар аз ин кишвар паноҳгоҳ талаб кунанд. Тайи як рӯз танҳо 72 кас ба ин шарт розӣ шудаасту бас.

Вуруди ғайриқонунӣ ба Маҷористон ҷиноят эълом шудааст. Айни замон дар қиболи 51 муҳоҷир аз миёни 367 нафар боздоштшуда тибқи ин модда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0