Аз ӯ, ё аз каси дигар: Sputnik амволи “генерали фирорӣ”-ро ҷӯё шуд

© Sputnik / Фируз УмарзодаБинои №20-1 дар кӯчаи Аҳмади Дониш, ки тибқи иттилоъи ВКД Абдуҳалим Назарзода дар он гӯйё 5 хона доштааст
Бинои №20-1 дар кӯчаи Аҳмади Дониш, ки тибқи иттилоъи ВКД Абдуҳалим Назарзода дар он гӯйё 5 хона доштааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 10 рӯз боз амалиёти муштараки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои боздошти Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои кишвар идома дорад. Дар пайи ин хабарнигори Sputnik тасмим гирифт, аз маҳалли хонаву корхонаҳое боздид кунанд,ки онҳоро мақомот марбути "Ҳоҷӣ Ҳалим" медонанд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар гузориши телевизионии ВКД даҳҳо хонаву корхонаҳо ба генерали фирорӣ марбут дониста шуданд, ки гӯиё ӯ ин ҳамаро бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Хабарнигорн низ аз манзили зист ва нонпазхонаи ӯ, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба гардиши фурудгоҳ дидан намуданд.

Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи парвандаи “хиёнат” алайҳи Назарзода ва Умаров

Бисёре аз амволи ӯ, аз ҷумла манзили зисташ дар кӯчаи Аҳмад Дониш воқеанд. Ин кӯча дар маҳалли маъруф ба "гардиши фурудгоҳ" мебошад, ки қаблан ВКД аз даргирии мусаллаҳона миёни гуруҳи генерал ва дастаи таъйиноти махсус ё ОМОН-и ин ниҳод хабар дода буд.

ВКД  гуфт, он шаб муовини пешини вазири дифои кишвар ҷонибдорони худро барои тарҳрезии нақшаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар манзили зисташ ҷамъ карда буд. Аммо тибқи изҳороти худи генерал, ки аз номи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоию баъзе аз расонаҳои хабарӣ нашр шуд, таъкид кардааст, ки он шаб баъд аз шунидани нақшаи мақомот алайҳи ӯву ҷонибдоронаш ҷамъ шуда буданд.

"Дар маҳаллаи "гардиши фурудгоҳ", наздикии манзили зисти генерал нонпазхонае қомат афрохтааст, ки тибқи иттилои ВКД ба ӯ тааллуқ дорад. Дар инҷо тибқи иттилои мақомоти кишвар гӯиё шумори зиёди силоҳ дарёфт ва мусодира шудааст, ки гӯиё Назарзода барои мусаллаҳ кардани дастаи худ ҷамъоварӣ карда аст".

Тавре мушоҳида мешавад, дар ин ҷо қаблан корҳои таъмиру бозсозӣ сурат гирифта, биноҳои наве низ бунёд шудаасту эълоне дар мавриди ба иҷора додани онҳо низ мушоҳида мешавад. Навиштаи овехтаҳо низ бозгӯи онанд, ки дар ин макон маҳсулоти ширӣ фурӯхта бо эълонҳои берунӣ ҳам сару кор гирифта мешавад. Бо боз шудани дарвозаи нонпазхона марди ҷавоне тахминан 25-сола дар рӯбарӯи мо ҳозир шуд, ки аз либоси низомии ба бар намудааш, маълум буд, узви дастаи таъйиноти махуси ВКД мебошад. Дар ҳоли ҳозир ин корхона аз сӯи чанд тан аз кормандони ВКД нигаҳдорӣ мешавад.

— Албатта, мо ҳамаи инҷоро тагу рӯ кардаему ба истилоҳ "тоза" кардем. Аммо гуфта намешавад, шояд чизе пинҳон карда бошанду барои он баргарданд,- гуфт ин низомӣ.

Моро иҷоза надоданд, то акс ё навор бигирем, "танҳо дар асоси муроҷиат ва иҷозаи расмии раҳбарияти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбеин кор  имконпазир аст", изҳор дошт афсари ВКД.

Дар канори нонпазхона биноҳое мавҷуданд, ки соҳибмулк онҳоро ба иҷора додаасту ҳоло дар марҳилаи тафтишот ба дари ҳамаи онҳо муҳр зада шудааст.

© Sputnik / Фируз УмарзодаДарвозаи корхонаи нонпазӣ, ки ба иддаои мақомот ба генерал Абдуҳалим Назарзода таалуқ дорад
Ворота хлебзавода, который, по данным МВД, принадлежал Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Дарвозаи корхонаи нонпазӣ, ки ба иддаои мақомот ба генерал Абдуҳалим Назарзода таалуқ дорад

— Шумо кӣ ҳастед?,- пурсид, ҷавонмарде, ки назди даромадгоҳи нонпазхона нишаста буд. Тавре маълум шуд, ӯ мудири Оҷонсии таблиғотии "Colorado"  воқеъ дар яке аз биноҳои марбут ба нонпазхона будааст, ки як ҳафта мешавад, боз шудани дари корхонаи худро мунтазир аст.

Ӯ бо мо дар бораи генерал бо дили нохоҳам анҷом дод ва маълум шуд, ин ҷавон танҳо бо писари Назарзода ҳамкорӣ доштаасту дар масоили иҷора бо ӯ доду гирифт менамудааст.

— Писараш нафари оддие буду марди баде наменамуд,-  афзуд соҳибкор.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон аксари шаҳрвандон аз фаъолияти тиҷоратии хонаводаи генерал бо некӣ ёд мекарданд…

" Ӯ моро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода буд…"

…Дар қисамати паоёнтари ин кӯча бинои 12-ошёнаи рақами №20/1 қомат афрохтааст, ки тибқи иттилои масъулини ВКД тамоми хонаҳои табақаи 5-уми ин бино ба генерал Назарзода тааллуқ доранд.

Кулли роҳрави табақаи 5-ум зоҳиран аз они хонаводаи генерал буд. Биное, ки генерал дар он зиндагӣ мекунад, бинои оддию дорои лифтҳои аз даврони шӯравӣ ба мерос монда мебошад, ки ҳангоми баромадан ба ошёнаҳои боло одам дохили лифт худро дар чархбол ҳис мекунаду ҳангоми берун рафтан аз ин "чархбол" ҳам каме бояд боз шудани дарро мунтазир шуд…

Акнун, мо ба табақаи 5-ум расидему тугмаи занги дареро зер намудем, ки зани тахминан 50-сола дарро ба рӯи мо боз кард. Ба гуфтаи ин хонум, танҳо ду хонаи ин табақа ба наздикони Назарзода тааллуқ доранд.

— Мо ин хонаро се соли қабл харидем, гуфт Оиша. Ин хонаи харидаи мо қаблан ба Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доштааст. Баъд аз ҳаводиси ахир баъзе аз кормандони мақомоти қудратӣ пушти дари мо ҳозир шуданд, ки бо нишон додани ҳуҷҷатҳои манзил дигар касе дари моро накубид.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ду хонаи ин табақа марбут ба наздикони генерал Назарзода буда, дар яке аз онҳо бародари ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш мезистааст.

© Sputnik / Фируз УмарзодаЛестничная площадка, с 5 квартирами, которые, по сообщениям МВД РТ, приобрел в собственность Абдухалим Назарзода
Лестничная площадка, с 5 квартирами, которые, по сообщениям МВД РТ, приобрел в собственность Абдухалим Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Лестничная площадка, с 5 квартирами, которые, по сообщениям МВД РТ, приобрел в собственность Абдухалим Назарзода

"Дарро шикастанду бародари генералро боздошт карданд, афзуд хонум ва ҳоло пушти дари ин хона қулфе овезон мебошад, ки аз сӯи кормандони ВКД зада шудааст. Дар се ҳуҷраи дигари табақаи 5-ум хонаводаҳое ба сар мебаранд, ки на бо генерал пайванди хешутаборӣ доранд ва на хонаҳо моли ӯст",- иброз дошт вай.

Дари яке аз ин хонаҳоро бошад, зане ба рӯи мо боз кард. Вале чун фаҳмид, ки мо хабарнигорем, дубора дарро басту нахост бо мо суҳбат кунад. Бо ҳамсояҳое, ки мо тавонистем, суҳбат кунем, ҳамагӣ дар бораи генерал ҳарфу сухани нек мегуфтанд.

"Марди хубе буд. Дар вақтҳои вазнин моро дастгирӣ кардааст. Ба мо маводи ғизоӣ меоварду гов ё гӯсфандеро мекушту тақсим мекард",- изҳор дошт пиразан Екатерина Леонидова.

Бону Леонидава гуфт, генерал бо ҳамсояҳо муносибати хубе дошт, вале чанд соли ахир ман худи ӯро надидаам, чун ҳамроҳ бо хонаводааш ба ҷои дигар кӯчиданду ҳоло ин ҷо наздикони ӯ зиндагӣ мекунанд.

Зан ба хабару навиштаҳои ВАО боварӣ надорад:

— Ӯ наметавонист, даст ба ин корҳо бизанад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ одамони ӯ моро муҳофизат кардаанд…

Дар мавриди амволи дигари генерали фирорӣ Sputnik дар матолиби баъдии худ хоҳад навишт.

Лентаи хабарҳо
0