ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ба навоҳии аз офоти табиӣ хисоротдидаи Тоҷикистон ироаи кӯмакҳои башардӯстона идома дошта, дар наздиктарин фурсат корвони мошинҳо аз Белорус ба ҷумҳурӣ мерасанд, менависад сомонаи Сафорати он кишвар дар ҶТ.
"Бо маблағҳои аз ҷониби ҳукумати Белорус ҷудошуда шаш мошини боркаши тамғаи "МАЗ", ки иқтидорашон то 20 тонна аст, харидорӣ шудааст. Онҳо барои барқарорсозии манотиқи офатзада истифода хоҳанд шуд",- қайд мешавад дар иттилоъия.
Аммо дар мавриди дигар номгӯи кӯмакҳои башардӯстона иттилоъи дақиқ рӯи даст нест.
Маврид ба ёдоварист, дар пайи селу обхезиҳои шадид, ки авохири моҳи июл дар Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон ва манотиқи шарқии кишвар рух дод, ҳашт нафар ҷони худро аз даст дода панҷ тани дигар бенишон шудаанд, беш аз 1000 нафар бидуни маскан мондаанд ва дар маҷмӯъ теъдоди осебдидагон 7000 нафар унвон мешавад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, ба иқтисоди кишвар хисорот дар ҳаҷми 100 миллион доллар ворид шудааст. То имрӯз кишварҳои Қирғизистон, Русия, Чин ва Олмон ба Тоҷикистон кӯмак расонидаанд.