Даъвати наваскарон ба артиш шурӯъ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГузашти низомӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Гузашти низомӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонони соли таваллуди 1988-1997 барои хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳур бо имзои як фармон аскаронеро, ки хизматро адо кардаанд, ба рухсат фиристод ва шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-ро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард, омадааст дар сомонаи президент.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти се мақомдор бо иттиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ

"Хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ,  қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба эҳтиёт рухсат дода шаванд", — омадааст дар фармон.

Ҳамчунин раисҷумҳур фармон додааст, ки моҳҳои октябр-ноябр шаҳрвандони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда шаванд.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони раҳошуда ба хизмат баргаштанд

Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъвати вилояти Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал мукаммалгардонии онҳоро бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

Раисҷумҳур барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳру ноҳияҳоро масъул кардааст.

Ҳамзамон вазорати фарҳанг, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кумитаи телевизион ва радио муваззаф шудаанд, то омодагӣ ва рафти даъватро инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ташвиқ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0