Нашри романи “Чордодарон”-и Муҳаммадиева дар Душанбе

© Flickr \ Björn LindellКитоб. Акс аз бойгонӣ
Китоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муаллиф саъй кардааст, ки тавассути қаҳрамонҳои асар муқаддасоти оиларо ба хонанда нишон бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ду қисми романи "Чордодарон"-и нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева дар матбааи "Бебок" нашр шудааст, хабар доданд аз парлумони Тоҷикистон.

Романи "Чордодарон" фарогири ҳаёти муосирони мо буда, қаҳрамонони он дар ҳама шебу фарозҳои зиндагӣ нисбат ба якдигар садоқатро фаромӯш намекунанд. Муаллиф саъй кардааст, ки тавассути қаҳрамонҳои асар муқаддасоти оиларо ба хонанда нишон бидиҳад.

Асарҳои эҷодкардаи нависанда "Як шаб…" (2007), "Қасоси зан" (2008), "Бонувони Фархор", "Бӯи модар" (2011) мебошанд. Гулчеҳра Муҳаммадиева солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, алҳол мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ аст.

Вай узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хизматҳои шоён бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0