Рӯзи гузашта то шом яке аз паси дигар Нурсултон Назарбоев, Серж Саргсян, Александр Лукашенко, Владимир Путин ва Алмосбек Атамбоев ба Душанбе омаданд.
Шом ҳамаи онҳо дар қароргоҳи шаҳрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, мулоқоти ғайрирасмӣ доштанд.

Шоми гузашта роҳбарони кишварҳои узви СПАД дар боғи қароргоҳи шаҳрии президенти Тоҷикистон сайругашт карданд.

Сӯҳбати бе галстук дар боғи зебо.

Мулоқот бе галстук баргузор шуд, раисҷумҳури Қазоқистон ҳатто костюм напӯшида буд.

Президентҳо ба сарвату боигарии боғҳои Тоҷикистон ошно мешаванд.

Раисони кишварҳои узви СПАД тарзи омода кардани оши палавро аз наздик диданд. Ҳамчунин лаззати ин ғизоро чашиданд.

Махсус барои меҳмонон аз анору харбуз "кӯҳ" бунёд карда буданд.

Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия фурсат ёфта, як ба як сӯҳбат доштанд.

Барои идомаи сӯҳбат фардо ҳам вақт аст.

Роҳбарони кулли кишварҳои узви СПАД дар ин ҷо ҳузур доранд.