ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Моҳвораи иртиботии Русия "Экспресс-AM8", ки шоми 14 сентябр аз Байконур бо мушаки "Протон" ба фазо ирсол шуд, аз марҳилаи болоии "ДМ-03" ҷудо гардидааст, менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи Агентии фазои Русия (Роскосмос).
"Экспресс-AM8"- дастгоҳи нави моҳвораии андозааш миёнаи Русия аз тарафи ҶСК "Системаҳои иттилоотии моҳвораӣ" ба номи М.Ф. Решетнев бо фармоиши оператори давлатии иртиботи моҳвораии Корхонаи воҳиди давлатии "Иртиботи моҳвораӣ"-и Русия сохта шудааст.
Киштии нави кайҳонии андозааш миёнаи "Express-AM8"-и Русия бар асоси барномаи федеролии "Рушди пахши телевизиони Русия дар солҳои 2009-2015" ва Барномаи кайҳонии федералии Русия барои солҳои 2006-2015 сохта шудааст. Ин моҳвора барои ироаи хадамоти радио ва телевизион, маълумот, хадамоти чандрасонаӣ, таъмини иртиботи президенту намояндагони ҳукумат, телефон ва иртиботи телефони ҳамроҳ дар минтақаи ғарбию марказии Русия, кишварҳои Аврупо, Африқо, Ховари Миёна ва ҷанубу шимоли Амрико тарроҳӣ гардидааст.
"Express-AM8" бар асоси платформаи муосири "Экспресс-1000HTB" сохта шудааст. Вазни дастгоҳи моҳвораии "Express-AM8" ҳудуди 2100 килоро ташкил медиҳад.