Тифлис: дар боғи вуҳуш мардум ба ҳайвонот ғизо медиҳанд

Обуна шудан
Боғи ҳайвоноти Тифлис, ки чанде қабл дар моҳи июн дар пайи селу обхезӣ вайрону валангор шуда буд, қисман тармиму таҷдид гардид. Акнун навореро тамошо кунедл, ки ҳайвонот мардумро чӣ тавр "истиқбол" карданд.

Маъмурияти корхона гурӯҳи аввали мардумро ройгон ба саҳни боғи ҳайвонот роҳ доданд. Субҳи барвақт дар назди дари даромадгоҳ намоиши аксҳо ба кор оғоз карда буд. Дар ин ҷо расмҳои то ҳодисаи табиӣ ва баъди онро дидан имкон дошт.

Дар пайи обхезӣ боғи ҳайвонот аз 227 ҳайвон маҳрум гардид. Ҳоло имкони тамошо ва дидани беш аз 300 паррандаву ҳайвонот вуҷуд дорад. Директор мегӯяд, то соли 2016 боғи ҳайвонот пурра ба фаъолият пардохта, 150 намуди ҳайвоноту паррандаҳоро ба ин ҷо меоранд.

Баҳмути маъруф бо номи Beggi, ки баъди обхезӣ дар кӯчаҳи Тифлис даву тоз мекард, ба боғи ҳайвонот баргаштааст. Ҳоло вазъи саломатиаш хуб буда, худашро бардам эҳсос мекунад.

Борони шадид ва обхезии шаби 14-уми июни соли 2015 дар Тифлис хисороти зиёдеро ба иқтисоди Гурҷистон ворид кард. Роҳу иншооти зиёд вайрону валангор гардида, иртиботи коммуникатсионӣ халадор шуд. Боғи ҳайвонот низ зери селу об монда, қисчме аз ҳайвонот талаф ёфта, аксари он фирор карданд. Бо саъю кӯшиши сокинон ва мақомот баъзе аз онҳоро дошта оварданд, аммо чанде аз ҳайвоноти даррандаро паррониданд.

Лентаи хабарҳо
0