ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Футболбозони тими "Хуҷанд"дар як сабқати сангин дастаи футболи "Регар-ТадАЗ"-ро рӯзи якшанбе дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, соҳиби се имтиёз шуданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.
Ду голи дастаи "Хуҷанд" ба дарвозаи рақиб тавассути футболбозон — Дилшод Бозорову Фарҳод Тоҳиров зада шуда, як голи металлургҳоро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Комил Саидов ба самар расонд. Комил Саидов яке аз футболбозони шинохтаи кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар ворид кардани тӯб ба дарвозаи рақиб бо Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи "Истиқлол" рақобат доранд.
Баъди ин ғалаба "Хуҷанд" бо 30 имтиёз мавқеъашро дар ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт. "Регар-ТадАЗ" бо 23 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад. Металлургҳо нисбат ба чемпиони дукаратаи Тоҷикистон "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа аст, ҳамагӣ се хол камтар доранд.