Масирҳои эҳтимолии фирори генерали “исёнгар”

Обуна шудан
Амалиётҳои низомии Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллию мақомоти дигари қудратии Тоҷикистон барои нобудсозии дастаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои кишвар идома дорад. Аммо хабарҳо аз рафти ин амалиёт дар дараи Ромит рӯзҳои ахир аслан дида намешавад.

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон давра ба давра аз боздошти баъзе аъзои дастаи Назарзода хабар медиҳанд, вале ҳанӯз ҳам макони будубоши худи генерали фирорӣ маълум нест.

Таҷрибаи фирори қумандонҳои пешини мухолифин собит сохтааст, ки аксари онҳо дар ин гуна вазъият ба навоҳии Обигарм, Нуробод, Ғарм ва Тавилдара, ки ҳамчун "минтақаи мухолифин" маъруф аст, паноҳ мебаранд.

Аз ин рӯ, гуфтан имкон дорад, ки барои генерал Назарзода ва ҷонибдоронаш дар умум чаҳор роҳи фирор ва берун рафтан аз муҳосира вуҷуд дорад.

Дар харитаи мазкур се масири эҳтимолии генерал ишора шудааст.
Масири кабуд: Аз дараи Ромит тавассути ағбаи Анзоб ба навоҳии Айнию Панҷакент ва баъдан ба марзи Ӯзбакистон.
Масири бунафш: Берун рафтан ба Масчои кӯҳию ворид шудан ба водии Фарғонаи Ӯзбакистон.
Масири қаҳваранг 1: Рафтан ба ноҳияи Нуробод ва тавассути дараи Канаск гузаштан ба навоҳии Тавелдара, Дарвоз, Ванҷ ва расидан ба марзи Афғонистон.
Масири қаҳваӣ 2: Берун рафтан ба Нуробод ва тавассути дараи Канаск гузаштан ба ноҳияи Ғарм дар Тоҷикобод. Аз он ҷо рафтан тавассути роҳҳи пиёдагарди куҳӣ ба водии Вахё, ки тавассути ағбаи Старғ, Ширговад ва Бунай фаромадан ба ноҳияи Ванҷ имкон дораду тариқи минтақаи аҳолинишини Деҳ расидан ба марзи Афғонистон осон хоҳад буд.

Тавассути хаймаҳо дар харита паноҳгоҳи эҳтимолии ҷангиён нишон дода шудааст: Дараи Ромит, Тавилдара ва дараи Камароби ноҳияи Ғарм. Дараи Ромит дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) яке аз минтақаи паноҳгоҳи неруҳои мусаллаҳ ба шумор мерафт, ки миёни муҷоҳидони тоҷик бо номи "Панҷшер" маъруф аст. Барои онҳо ин дара аҳамияти стратегӣ дошт. Ноҳамвории ин минтақа ба гузаронидани амалиёти ҳарбии густурда бо истифода аз техникаҳои вазини ҷангӣ имконнопазир буда, таъсири ҳамлаҳои ҳавоиро ҳам кам хоҳад кард. Гузаронидани ҳамлаҳои заминӣ ҳам бефоида хоҳад буд, чун эҳтимоли қурбонии зиёд дидани гуруҳи ҳамлагар имкон дорад.Яке аз хосиятҳои дигари ин дара он аст, ки як чанд роҳҳои берун рафтан дорад, ки аз ин хосиятҳои он неруҳои мусаллаҳи мухолифин дар давраи ҷанги дохилӣ хуб истифода мекарданд.

Дараи Камароб минтақае аст, ки 5 соли пеш корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Дар пайи ин ҳамла тибқи иттилои расмӣ 20 сарбоз ва бар асоси иттилои ғайрирасмӣ на камтар аз 40 нафар кушта шуданд, ки мақомот онро амали дасти қумандонҳои неруҳои мухолифин хонданд.

Тавилдара бошад ҳамчун минтақаи таҳти идораи яке аз қумандонҳои маъруфи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик — генерал-лейтенант Мирзо Зиёв, раҳбари пешини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки 11 июли соли 2009 ӯ дар ин минтақа кушта шуд. Мақомот он замон эълон карданд, ки Зиёев гӯиё ба гуруҳи мусаллаҳи марбут ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тавилдара пайваста аст. Тибқи иттилои расмӣ ӯ ҳамроҳ бо ин гуруҳ гӯйё мехост, бинои ҳукумат ва Шуъбаи умури дохилии ин ноҳияро ғасб намояд.

 

Лентаи хабарҳо
0