Мақоми панҷуми бозии футболи Тоҷикистону Австралия

© Sputnik / Амир ИсаевБозии байни "Тоҷикистон – Австралия"
Бозии байни Тоҷикистон – Австралия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бозӣ, ки шоми сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, 19 ҳазор мухлис тамошо кардааст.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бозии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки бар ҳисоби 0:3 дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар қораи Осиё анҷом шуд, аз рӯи ҳузури мухлисон ҷои панҷумро касб кардааст, менависад сомонаи ФФТ.

Чӣ дарде... Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз сӯи "Соккеруза"

Дар ин бозӣ, ки шоми сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, 19 ҳазор мухлис тамошо кардааст.

Аз ҳама бозии сермухлистарин дар ин давр, бозии байни мунтахабҳои Тайиланд ва Ироқ (2:2) буд, ки дар он 43 572 нафар тамошобинон ширкат карданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Раҷамангала"-и Бангкок, ки 65 ҳазор ҷойи нишаст дорад, баргузор гардид. Бозии байни мунтахабҳои Камбоҷа ва Сурия (0:6) аз рӯи ҳузури мухлисон дар ҷои дуюм меистад. Ба иттилои торнамои Конфедератсияи футболи Осиё, 35 ҳазор мухлисон ин бозиро дар Пномпен тамошо карданд.

Бозии байни мунтахабҳои Молдив ва Чин (0:3) аз рӯи ин омор дар мақоми сеюм қарор дорад. Бозии мазкурро дар варзишгоҳ 28 036 нафар дӯстдорони футбол тамошо намуданд.

Дар маҷмуъ, понздаҳ вохӯрии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018-ро дар Осиё 219 353 нафар мухлис дар варзишгоҳҳо тамошо карданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар бозӣ 14 623 нафар рост меояд.

Сомонаи ФФТ менависад, ки як бозии дигари даври чорум дар Осиё миёни мунтахабҳои миллии Малайзия ва Арабистони Саудӣ бо сабаби бетартибиҳои мухлисон дар варзишгоҳ қатъ карда шуд. Ҳангоми 2 бар 1 ба фоидаи мунтахаби Арабистони Саудӣ будани ҳисоби бозӣ, ҳаводорони мунтахаби Малайзия ба майдон ба партофтани ашёҳои тарфгарӣ (пиротехника) оғоз карданд.

Дар дақиқаи 88-уми бозӣ доварони вохӯрӣ қарор карданд, ки бозиро қатъ намуда, бозигарони ҳар ду дастаҳоро аз майдон бароранд. Ба ин тартиб бозӣ нотамом монд.

Лентаи хабарҳо
0