Чӣ тавр аз қасди худкушии шахси наздик ҷилавгирӣ бояд кард?

© wikimedia.orgАфсурдагӣ
Афсурдагӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равоншиноси яке аз бунгоҳҳои кумак ба солмандону маъюбони шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik дар бораи роҳҳои ҷилавгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва нишонаҳое ҳарф зад, ки дар рафтори шахсони сӯиқасдкунанда ба ҷони худ дида мешаванд.

Ҳамасола шумори зиёди сокинони сайёра даст ба худкушӣ мезананд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳар сол дар саросари олам наздик ба 1 миллион нафар ба ҷони худ сӯиқасд мекунад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар 550 (дар соли 2013 — 568) ҳолати худкушӣ, ё сӯиқасд ба ҷони худро сабт кардаанд, ки 95-тои он ба ноболиғон рабт дорад.

Дар посух ба суоли хабарнигор, ки омили аслии даст задани сокинон ба худкушӣ чисту чӣ гуна метавон аз ин гуна ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кард, Ботир Золимов, равоншиноси Маркази кӯмак ба солмандону маъюбони Душанбе андешаҳои худро иброз дошт.

— Тайи муддати фаъолияти кории худ бо қишри зиёде аз сокинон рӯбарӯ шудаам, ки даст ба худкушӣ мезананд. Тибқи омори расмӣ беш аз 80%-и нафароне, ки худкушӣ мекунанд, аз ин қасди худ қаблан бо ҳар роҳе ба дигарон огаҳӣ медиҳанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳолатҳои худкушӣ худ ба худ рух намедиҳанд, ба истинои баъзе аз онҳо (ҳарчанд дар натиҷаи вазъияти мудҳишу тоқатфарсо ногаҳон рухдоданаш имкон дорад).

© Предоставлено Батыром ЗалимовымРавоншиноси Маркази кӯмак ба солмандону маъюбони Душанбе Ботир Золимов.
Батыр Залимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Равоншиноси Маркази кӯмак ба солмандону маъюбони Душанбе Ботир Золимов.

Шахсе, ки қасди худкушӣ дорад, одатан дар як марҳалаи муайяне барои анҷоми он омодагӣ мебинад. Яъне, аз фикру хаёл ба қасду ният гузашта, баъдан даст ба иҷрои он мезаданд.

Барои чӣ ба ҷони худ сӯиқасд мекунанд?

— Далели воқеии худкушӣ ин аз фақат дилсард шудан аз зиндагӣ нест. Балки хоҳиши раҳоӣ аз андуҳу мусибатест, ки ба сари инсон омадааст. Яъне, шахс дар ин гуна ҳолатҳо ягона роҳи раҳоӣ аз мусибати болои сараш омадаро дар қатъи зиндагии худ медонад. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки аломати воқеии ҳама гуна навъи худкӯшӣ ин фарёди кумакхоҳ аст.

Аз худкушии навҷавонон наметавон сари вақт ҷилавгирӣ кард

Дар Тоҷикистон бештар аз ҳама навҷавонон даст ба худкушӣ мезананд ва шумори зиёди онҳо ҳам духтароне ҳастанд, ки маҷбурӣ ба шавҳар дода мешаванд. Ин гуна ҳолатҳо дар вилояти Суғд бештар ба чашм мерасанд.

Дар ин минтақаи кишвар тарбияи анъанавӣ хеле ривоҷ ёфтааст ва сокинони ин вилоят ҳам ин гуна амалҳоро ҳамчун тарбияи анъанавӣ қабул кардаанд ва аз сӯи волидайн ҳам ҳеч таваҷҷуҳе дар ин бора дида намешавад. Ҳама чиз бо роҳи зурию маҷбурӣ иҷро мешавад. Яъне, тавре падар гуфт, бояд он гуна шавад… "ту ҳатман бояд бо ӯ издивоҷ кунӣ…"

Модар ҳам барон талош мекунад, ки дар натиҷа духтар таҳти фишори сахти равонӣ қарор гирифта, нохост ба ёдаш мезанад, ки як дугонаи ӯ худкушӣ карда буд.Хуб пас мегӯяд: "Ана ин роҳи раҳоӣ аст! Албатта, ман мурдан намехоҳам, вале онҳоро хоҳам тарсонд" аммо дар ниҳояти кор метавон дид, ки онҳо сари вақт натавонистанд, бирасанду кумак кунанд.

Омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ

— Дар мавриди далели рух додани ҳолатҳои худкушӣ миёни калонсол метавон гуфт, ки бештар омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ доранд. Яъне, надоштани манзили зисту камбуди иқтисодӣ ва маблағ.

Дар баъзе ҳолатҳо метавон аз қарзҳои бонкӣ ҳам ҳамчун омили ҳолатҳои худкушӣ ном гирифт. Албатта, миёни қурбониёни ин гуна ҳолатҳо нафарони дорову аз нигоҳи иҷтимоӣ таъмин ҳам ҳастанд. Ёдам ҳаст, боре як нафар ба хотири қарзи бонкии дигарон даст ба худкушӣ зада буд. Рафиқонаш аз ӯ хоҳиш мекунанд, дар гирифтани қарзе ба маблағи беш аз 100 ҳазор доллар дар бонк ҳамчун кафил иштирок кунад ва ӯ ҳам хоҳиши онҳоро иҷро мекунад. Аммо рафиқон пулро мегиранду фирор мекунанд ва бонк бошад аз ӯ талаб мекунад. Ин мард чанд хона дошт, онҳоро фурӯхта, қисман маблағи бонкро бар мегардонад, вале азбаски хонаи охиронаш дар номи аъзои дигари хонавода буд, ӯ фикр мекунад, бо куштани худ бонк дигар ҳаққи талаб кардани маблағ аз хонаводаи онҳоро надорад.

Нишонаҳои мушкилот

— Инсон дар ҳолати бунбасте қарор мегирад.

— Ӯ мехоҳад бештар танҳо бошад; Майли мушоҳидаи ҳама гуна ҳодисаҳое пайдо мешавад, ки бо нохушӣ меанҷоманд.

— Корҳои худро ба танзим медарорад. Аз афроде, ки барои ӯ корҳои хубе анҷом додаанд ё дар ҳолатҳои гуногуни зиндагиаш кумак кардаанд, ташаккур мекунад; Бехобӣ баъд аз омадани дубораи оромӣ — дар остонаи рух додани воқеа.

Мусулмон вазифадор аст, зиндагии худро қадр кунад

— Бархеҳо бар ин боваранд, ки инсон бо роҳи худкушӣ метавонад, вуҷуди худро таскин бахшад"- мегӯяд мутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламо ва устоди донишкадаи исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

© SputnikМутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламо ва устоди донишкадаи исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Джамолиддин Хомуши - Sputnik Тоҷикистон
Мутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламо ва устоди донишкадаи исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Агар бигӯем, ки онҳо сахт иштибоҳ мекунанд, пас маълум мешавад, ки ҳеч чиз нагуфтаем ва ҳеч амалеро дар қиболи раҳонидани онҳо анҷом надодаем.

Тақдири нафароне, ки ба ҷони худ сӯиқасд мекунанд, чӣ хоҳад буд?

Паёмбари Худо, Муҳаммад (С) гуфтааст: "Ҳар кӣ худашро бо оҳане бикушад пас дар оташи дӯзах бо он оҳан дар шикамаш мезанад дар ҳоле ки дар дӯзах абадӣ мемонад".

Ҳар кӣ заҳре бинӯшад пас бимирад, он заҳрро дар оташи дузах низ менӯшад дар ҳоле  ки дар азоби он абадӣ мемонад. Ҳар кӣ худашро аз баландие партофта бимирад, пас ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад, дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад. Дар ҳадиси дигаре низ ба ҳамин ҷиҳат ишора шудааст.

Ҳар касе худро овехт дар дӯзах ҳам худро меовезад ва ҳар кӣ худашро бо оҳане бикушад пас дар оташи дӯзах бо он оҳан дар шикамаш мезанад.

Ин ҳамаро метавон таскин ва роҳи наҷот аз вазъият номид? Албатта, не. Мусибате бадтар аз азоби дӯзах нест ва Худованд ҳамаи моро аз ин ҳама паноҳ диҳад!

 

 

Лентаи хабарҳо
0