ВАО: Ҷонибдории палатаи авоми Англия аз баргузории раъйпурсӣ

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкЛондон, Британияи Кабир
Лондон, Британияи Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Палатаи авом аз баргузории раъйпурсӣ ҷонибдорӣ кард. Тибқи назарсанҷии ахири ширкати Survation, аксари шаҳрвандони Бритониё ҷонибдори хориҷ шудани ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Вакилони палатаи поёнии парлумони Бритониё ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар мавриди узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо то соли 2017 раъй додаанд, менависад, РИА Новости рӯзи сешанбе бо истинод ба Рейтер.

Ҳукумати Бритониё охирҳои моҳи майи соли равон тарҳи қонунеро дар мавриди берун рафтани ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо ба парлумон ироа кард. Дар ин пешнависи қонун суоли раъйпурсӣ чунин навишта шудааст: "Шоҳигарии муттаҳида бояд узви Иттиҳоди Аврупо боқӣ монад? " Ин раъйпурсӣ бояд на дертар аз 31 декабри соли 2017 баргузор шавад.

Аснои раъйгирӣ дар палатаи поёнии парлумони Бритониё 316 вакил иштирок карда, танҳо 56 нафари онҳо раъйи манфӣ додаанд. Ин масъала акнун бояд барои баррасӣ ба палатаи болоии парлумони ин кишвар фиристода шавад.

Қаблан дар пайи раъйгирии палатаи поёнии парлумони Бритониё дар мавриди шарту шароити баргузории раъйпурсӣ пешниҳоди Дэвид Кэмерон, нахуствазири ин кишвар қабул нагардид

Лентаи хабарҳо
0