Оё суруди миллиро медонед?

Обуна шудан
Sputnik аз шаҳрвандон пурсид, оё суруди миллии Тоҷикистонро азёд медонанд. Иддае мегӯяд, ки айб аст шаҳрванди Тоҷикистон буда, ин сурудро надонистан, дигарон мепурсанд: кадом суруди миллӣ?

Sputnik аз бархе аз сокинони Душанбе пурсид, ки оё матни суруди миллиро азёд медонанд. Баъзеҳо бар ин назар буданд, ки надонистани суруди миллӣ барои як шаҳрванд ҷои шарм аст, дигарон бошанд, донистани онро зарур намешуморанд.

Суруди миллӣ (Гимн)-и Тоҷикистон 7 сентябри соли 1994 тасдиқ шуд. Он вақт ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар идома дошт ва Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз 3-юмин солгарди Истиқлол буд.

Муаллифи матни суруд "Шоири халқии Тоҷикистон" Гулназар Келдӣ буда, оҳанг аз гимни даврони шӯравӣ аз оҳангсоз Сулаймон Юдаков мебошад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0