Искандаров: ман дар сари ҳукумат будам, аммо ҳукумат надоштам

© Sputnik / Амир ИсаевАкбаршо Искандаров
Акбаршо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз воқеоти 7-уми сентябри соли 1992 бисту се соли комил пушти сар шуд. Гуруҳе аз силоҳбадастон Раҳмон Набиев – президенти вақти Тоҷикистонро дар фурудгоҳ гаравгон гирифтанд ва зери фишор ба истеъфо фиристоданд.

Аз воқеоти 7-уми сентябри соли 1992 бисту се соли комил пушти сар шуд. Гуруҳе аз силоҳбадастон Раҳмон Набиев – президенти вақти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе гаравгон гирифтанд ва зери фишор ба истеъфо фиристоданд.

Акбаршо Искандаров, раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон ба курсии иҷрокунандаи вазифаи президент нишаст. Дар мусоҳибаи муфассали Sputnik вай қазияи ба истеъфо рафтани Набиев, ҳуҷуми Кенҷаев ба Душанбе ва асрори паси пардаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро ошкор кард.

-Вакилон Эъломияи Истиқлолиятро чӣ гуна қабул карданд?

— Агар бигӯем, ки фақат Тоҳири Абдуҷаббор истиқлолиятхоҳ буду дигарон набуданд, ин ба ҳақиқат он қадар рост намеояд. Ҳамин ҳамсолони мо ҳама тарафдори истиқлол буданд.

Истиқлолият барои ҳар миллат азиз аст. Истиқлолияти комил доштан орзуи ҳар як миллат аст. Вақте мо дар ҳайати ИҶШС (СССР) будем бо он давлати бузург ифтихор доштем. Ҳаводисе ки дар солҳои охири шӯравӣ ба вуқӯъ мепайвастанд, фикру андешаҳои бисёриҳоро дигар карда буданд. Агар мо ҳоло худамонро дар давраи солҳои 90-ум тасаввур кунем, он давра аз имрӯз бисёр фарқ мекард. Фаҳмиши мардум, дарки мардум дигар буд. Ҳоло бисёр касоне ҳастанд, ки мегӯянд агар кӯшиши онҳо намешуд, мо истиқлолият ба даст намеовардем. Фикри ман ин аст, ки мо истиқлолро муфт ба даст овардем. Иттиҳоди Шӯравиро дар Маскав барҳам доданд, мо ин ҷо соҳиби истиқлол шудем.

Истиқлолият бе баҳс қабул шуд

- Вақте Эъломияи Истиқлолият қабул мешуд, дар парлумон чӣ баҳсҳое ҷараён мегирифт?

— Албатта, дар парлумон миёни вакилон атрофи истиқлолият баҳс он қадар тӯлонӣ набуд. Баҳсҳо дар матбуот зиёд буд. Қабул кардани Эъломияи Истиқлолият ин як ҳодисаи ногузир буд, як далели ногузир буд. Чанд давлат пеш аз мо истиқлолияташонро эълон када буданд.

Мо илоҷи дигар надоштем, бинобар ҳамин дар ин бора бисёр баҳс накарданд. Яъне, ки ман мегӯям, ки мо барои ба даст овардани истиқлолият ҷанг накардем. Ин дигар як раванди табиӣ буд, ки мо бояд онро қабул мекардем.

- Зери Эъломияи истиқлол имзои Қадриддин Аслонов, раиси вақти Шӯрои олӣ аст. Ҳоло бархеҳо мегӯянд, Аслонов аз имзо кардан зери он санад метарсид. Оё воқеан ҳамин тавр буд?

— Не, ин тавр набуд. Аслонов шахсияти донишманд буд, инсони хуб буд. Албатта, вазъияти он шабу рӯз бисёр тезу тунд буд. Аммо ин ки вай барои имзо кардани эъломия метарсид, ман фикр мекунам, ки ин нодуруст аст.

 

-Матни Эъломияро кӣ таҳия карда буд?

— Эъломияро як гуруҳи равшанфикрон пешниҳод карда буданд. Шӯрои Олӣ ҳам худаш як матн омода карда буд. Эъломияи гуруҳи равшанфикрҳо бо роҳбарии Тоҳири Абдуҷаббор омода шуда буд. Он чизе ки Шӯрои Олӣ омода кард, онро асос гирифтем ва аз матни рӯшанфикрон баъзе бандҳоро низ ворид кардем.

"Маҷбур шудем сирро фош кунем"

-7 сентябри соли 1992-ро дар ёд доред…, рӯзе, ки Раҳмон Набиев, раисҷумҳури вақт аризаи истеъфояшро навишт. Асли ҳодиса чӣ гуна буд?

— Вазъият рӯз аз рӯз бадтар мешуд. Раиси ҷумҳур аз уҳдаи иҷрои вазифааш намебаромад. Он гуруҳҳоеро, ки худи Набиев сари кор овард, ҳамонҳо ба кори ӯ халал мерасониданд. Дар он вазъияте, ки ҷанг рафта истода буд, хуни инсонҳо мерехт, бояд раисҷумҳур даҳчанд кор мекард…

Бубинед, дар ҳамон шабу рӯз Акбар Мирзоев, сарвазир ба истеъфо рафт. Дар ҷумҳурӣ сарвазир набуд. Ноиби раиси ҷумҳур набуд. Хулоса, як буҳрони печида ба миён омад.

Мо қабл аз ин ҳодиса як суҳбате доштем бо хешу табори наздики Раҳмон Набиев. Гуфтем, ки албатта, Раҳмон Набиев президентест, ки мардум ӯро интихоб кардааст. Бидуни шак, вай президент ҳаст ва бояд президент боқӣ мемонд. Мо аз номи Шӯрои Олӣ пешниҳод кардем ба хешу табораш, ки як нафари бовариноки худро ҳамчун ноиби раиси ҷумҳур пешниҳод намоянд. Як одаме бошад, ки президент ба вай эътимод дошта бошад.

Баъд он одам ба мақоми ноиби президент баргузида мешуд ва Шӯрои Олӣ кори худашро мекарду Ҳукумати иҷроия кори худашро пеш мебурд. Як ҳайат аз Суғд омада буданд. Мо бо онҳо суҳбат кардем. Бо Раҳмон Набиев суҳбат карданд. То ин вақт ин гуфтугӯҳо маҳрамона ҷараён дошт. Маслиҳат ҳамин хел шуд, ки аъзои президиуми Шӯрои Олӣ, аъзои призидиуми Кабинети вазирон, президент бо мушовиронаш ба Хуҷанд раванд. Дар он ҷо бишинему ҳамин масъаларо баррасӣ намоем. Яъне, масъалаи асосӣ  - пайдо кардани ноиби президент буд. Ҷоннок кардани кори раиси ҷумҳур.

Субҳи зуди рӯзи 7 сентябр Раҳмон Набиев (Худо ҷояшро ҷаннат бигардонад), ба ман супориш доданд, ки ҷамъоварии аъзои призидиуми Кабинети вазирон ва аъзои призидиуми Шӯрои Олӣ бар дӯши туст. Яъне ман мебоист ҳам Ҳукумат ва ҳам парлумонро ҷамъ меовардам ва барои ба Суғд рафтан мутақоид мекардам.

 

© Sputnik / А. Замахин / Гузариш ба медиабонкНеруҳои худдифоии маҳаллӣ
Неруҳои худдифоии маҳаллӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Неруҳои худдифоии маҳаллӣ

Набиев гуфтанд, ҳукумат гапи маро гӯш намекунад. Ман гуфтам, бошад, ман ҳукуматро гап мезанам, аммо аъзои призидиуми Шӯрои Олӣ ҳамааш гапи маро гӯш намекунанд. Дар интиҳо, маро водор карданд, ки Шӯрои Олиро ҳам мутақоид намоям.

Ҳоло маслиҳат набуд, ки кай меравем, соати чанд меравем. Аз аъзои призидиуми Шӯрои Олӣ Виктор Приписнов гуфт, намеравам, Тураҷонзода гуфт, намеравам. Боз чанд тани дигар аз рафтан худдорӣ варзиданд. Ман дигар маҷбур шудам, ки сабаби рафтанамонро ошкор кунам. Бархеҳо маслиҳат доданд, ки ҳаминҷо корро ҳал кунем. Гуфтам, аллакай маслиҳат шуд, онҷо омодагӣ рафта истодааст. Хешу табори наздикаш онҷо ҳаст. Хулоса, суҳбатҳо тӯлонӣ шуд. Баҳсҳо ҳам шуд.

Он лаҳзае, ки мо гуфтугӯ доштем, аз фурудгоҳ тамос гирифтанд, ки Набиев омодаи парвоз аст, шуморо мунтазиранд, зудтар бирасед. Ман гуфтам, ки ҳоло аъзои призидиумро розӣ накардаам. Бигзор Набиев парвоз кунад, мо ба ҳар қиммате, ки ҳаст инҳоро розӣ мекунам ва баъдтар мебиёем.

Баъди андкае онҳоеро, ки билохира розӣ кардем, дар якҷоягӣ ба фурудгоҳ раҳсипор шудем, ҳамон рӯзи 7 сентябр. Мошинҳои зиёде дар саҳни фурудгоҳ истода буданд. Вақте аз дари фурудгоҳ ворид шудам, дар фарш изи хунро дидам. Набиев дар кунҷе истода буд. Мулло Абдуғаффор дар назадаш буд, чанде аз вазирон ҳам истода буданд. Қабл аз он ки назди Набиев равам, ба ГКБ занг задам. Гуфтам, медонед, ки чӣ гап аст дар фурудгоҳ? Раиси КГБ гуфт чи гап аст? Президентро "заложник" гирифтаанд, гуфтам. Раиси КГБ бо тааҷҷуб пурсид, ки чаро моро хабар накардаанд. Ба вазири ВКД телефон кардам. Баъди 5 ё 7 дақиқа 2 БТР ба фурудгоҳ омад. Вақте ин БТР-ҳо омаданду бо онҳое ки моро дар муҳосира гирифта бунад, оғушкашӣ карданд, мо ба хулоса расидем, ки тамом, дигар аз дасти мо ҳич чиз намеояд. Дар он дохил баъзеҳо ба доду нола афтоданд, ба гиря афтоданд. Як вазъияте буд, ки ногуфтанӣ.

Набиев аз ман пурсид, ки агар аризаи истъефоро имзо кунам, ҷанг ба охир мерасад? Ман гуфтам, ки не ҷанг идома меёбад. Мулло Абдуғаффор бо тундӣ ба сӯи ман шитобид. Давлатшои Седой гуфтанӣ як одам буд, вай маро ҳимоя кард.

Баъди чанд лаҳза Набиев дигар аз лоилоҷӣ аризаи истеъфояшро аз мақоми раисҷумҳурӣ имзо кард. Аз фурудгоҳ баргаштем ба бӯстонсарои ҳукуматӣ. Аз ман хоҳиш кард, ки як қарор бароред, имтиёзҳои маро дуруст кунед. Ҳамроҳи ҳуқуқдонҳо маслиҳат кардем, ки як соат аз байн гузашт. Дубора хостам назди Набиев равам, ки гуфтанд вай аллакай сарҳади Ӯзбакистонро гузашта рафт…

Ман то кунун намедонам, ки ташкилкунандаи асосии ҳодисаи фурудгоҳро кӣ буд. Ба ақидаи ман, ягона роҳи хуби ба эътидол овардани вазъ ҳамон давра ин буд, ки барои Набиев аз миёни хешу табори наздикаш ноиб пайдо кунем, сарвазирро аз Кӯлоб таъин кунем. Ва ҳамон ҷо як қарор содир шавад, ки баъзе ваколатҳои президент ба ноиби президент интиқол ёбад. Вале ин корҳо нашуд дигар.

 

"Ҳоҷӣ Акбар ба ман чашмак назада аст"

- Яке аз ҳаводиси дигаре, ки аз соли 1992 дар хотираҳо мондааст — "чашмакзании" Тураҷонзода аст. Гӯё вай ба шумо "чашмак" задааст. Воқеияти он ҳодиса чӣ гуна буд?

— Ҳоло ҳам ман ҳамчун шахсият Тураҷонзодаро эҳтиром дорам. Нисбат ба дониши диннии вай эҳтиром дорам. Аммо ягон бор мавқеи ӯро пуштибонӣ намекардам. Дар чанд ҷаласае, ки вай аъзои призидиуми Шӯрои Олӣ буд ягон пешниҳодҳои вай нагузаштааст. Ман ҷангу ҷанҷол намекардам, аммо як хеле мекардам ки ягон пешниҳоди вай нагузарад. Мавқеи мо яке набуд, биноан байни мо наметавонист чашмакзанӣ ҷой дошта бошад, мо ягон маслиҳати пешакӣ надоштем.  

Ман ҳатто ҳамон замон намедонистам, ки вай чашмакӣ задааст. Бори дигар бо тамоми масъулият метавонам гӯям, ки ягон асос барои чашмакзании Тураҷонзода мавҷуд набуд. Фикр мекунам, як ҳолати табиӣ буд, ки чашми вай пӯшида шудааст. На зиёда аз ин. Ман аз даҳони мардум шунидам, ки гӯё чашмак задааст.

- Шумо аз 7 сентябр то сесияи Шӯрои Олӣ иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон будед. Чӣ ҳаводисро аз он рӯзҳо дар хотир доред?

— Ҳодисаҳои зиёде буданд. Баъди ба истеъфо рафтани Набиев мехостанд шӯро ташкил кунанд ва раиси шӯро давлатро идора намояд. Номзадҳо зиёд буданд. Номзадии Давлат Худойназаров буд, номзадии Тураҷонзода буд, номзадии 2-3 нафари дигар ҳам буд. Сари ҳамин кор бисёр баҳс мерафт. Депутатҳоро маҷбур месохтанд, ки яке аз лидерони опозитсияро роҳбар интихоб намоянд. Давлат ҳатто қудрате надошт, ки депутатҳоро ҳимоя кунад. Бисёр вақт ман мегӯям, ки "я быль у власти, но этой власти не было".

Ҳич кор карда намешуд. Мо ҳамин қадар имкон ёфта тавонистем, ки бигӯем мо як бор Консититутсияро вайрон кардем, ғайри қонунӣ раиси ҷумҳурро сабукдӯш кардем. Мо гуфтем, як илоҷ карда Иҷлосияи 16-умро гузаронем, истеъфои раисҷумуҳрро баҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бидиҳем. Баъд маслиҳат кунем, ки барои оромии вазъ чӣ кор кунем. Пешниҳодҳо буданд, ки дар Душанбе ин Иҷлосияро гузаронем; дар Тошканд ё дар Бишкек баргузорем кунем. Мо қарор кардем ки дар Суғд мегузаронем. Зеро он хоки ватанамон аст.

Ҳамаи аъзои призидиуми Кабинети вазирон ба истеъфо рафта буданд. Ният доштем, ки ҳамаро онҷо ҷамъ мекунем, маслиҳат мекунем. Роҳбарҳои навро интихоб мекунем, бо ҳамин пеши роҳи ҷангро мегирем. Мутаассифона, мо хато кардем.

Мо дар Хуҷанд аз баҳо додан ба истъфои президент шуруъ накардем. Онҷо як бори дигар маҷбураш кардем, ки истеъфо диҳад. Давлатҳои дигар нахостанд, ки нақшаҳои мо амалӣ шаванд. Дувум ин ки призидиуми Шӯрои Олӣ қарор қабул карда буд, ки кадом масъалаҳо бояд онҷо баррасӣ шаванд. Таёриҳои зиёде дида будем, онҳо амалӣ нашуданд. Хатои мо ҳамин буд, ки ба назари ман, мо мехостем ки бо ҳамин пеши роҳи ҷангро гирем. Баъд аз ҳамон дигар хунрезӣ дар кишвар нашавад.

Мардуми Кӯлоб пешниҳод доштанд, ки ҳукумати қонунӣ барқарор шавад. Мо раисҷумҳурро бояд барқарор мекардем ва баъд аз он агар мерафт, ихтиёраш буд. Инро карда натавонистем. Севум ин ки мо бисёр хостем як маҷлиси умумии ҷумҳуриявӣ гузаронем, мо ҳамаи мардуми кишварро даъват кардем, муаллимҳоро ҳам даъват карда будему духтурҳоро ҳам. Як бори дигар маслиҳат кунем, ки куҷо рафта истодаем.

Аммо дар фурудгоҳи Хуҷанд, ки расидем гап тамоман дигар шуд. Онҷо гап дар даҳони Ӯзбакистон буду бо Русия маслиҳатҳо шуда буд…

- Ҳамчун намояндаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо кӣ маслиҳат карда буд?

— Бо ман ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар кадоме аз ин кишварҳо маслиҳат накарда буд. Бо кӣ маслиҳат карда буданд, ман намедонам. Инҷо ду блок буд: мухолифон ва тарафдорони Ҳукумати конститутсионӣ. Шояд бо онҳо суҳбат карда бошанд. Дар хуҷанд якбора тақсими вазифаҳоро сар карданд.

- Дар он шабу рӯзҳо кӣ бо Искандаров буд?

— Баъзе аз аъзои призидиуми Шӯрои Олӣ ва призидиуми Кабинети вазирон. Мо фикру ақидаи якхела доштем. Мо на ба ин гуруҳ шомил будем ва на ба он гуруҳ. Мо марказгаро будем. Заҳмати зиёд кашидем, ки ҳамин ду гуруҳ як ҷо шаванд. Албатта фосила хеле кам буд.

Ин аз ин ду блок якеро Нурӣ роҳбарӣ мекард, дигариро намояндагони Кӯлоб.

Дар фурудгоҳи Қурғонтеппа вохӯрӣ кардем, дар Панҷ бояд вохӯрӣ мекардем, як гуруҳ фиристодем, мардуми Кӯлобро меовараданд, онҳо наомаданд, дар Турсунзода (он вақт Регар) бояд вохӯрӣ мекардем, намояндагони Кӯлобро боз таъмин карда натонисем…

Мо барои хомӯш кардани ҷанг ду роҳ доштем. Аввал ин ки бо яке аз ин гуруҳҳо ҳамроҳ мешудем ва гуруҳи дигарро саркӯб мекардем ва роҳи дигарамон ин буд, ки Ҳукумати марказиро бояд мустаҳкам мекардем ва қудрате бояд дар дастамон мешуд, ки гуруҳҳоро пароканда мекардем. Мутаассифона, мо қудрате надоштем. Вақт рафта буд. Мардум силоҳ дошт. Ва ҳар як нафар як хешу таборашро аз даст дода буд. Дигар ором кардани онҳо душвор буд.

- Ҳодисаи дигаре, ки аз соли 1992 дар саҳифаи таърих сабт шудааст, ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе аст. Он ҳамларо чи гуна дар хотир доред?

— Шаби 23 октябр дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ будам. Саҳар хастем, ки тирпарронӣ аст. Баъд фаҳмидем, ки Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе ҳамлаи мусаллоҳона кардааст. Мо бо як илоҷе аз бӯстонсаро баромадем ва худро то бинои вазорати корҳои дохилӣ расонидем.

Баъд бо Кенҷаев суҳбат доштам. Пеши роҳи Кенҷаевро опозитсия гирифт. Мо дигар ягон кор накардем. Аз онҳое ки ҳамроҳи Кенҷаев ба Душанбе ҳамла карда буданд, чанд шиносномаи Ӯзбакистонро пайдо кардем. Бевосита Ӯзбакистон ба Кенҷаев кумак мекард. Ман ба Ислом Каримов телефон кардам, ки кумак кунед. Гуфт, ман намешиносам Кенҷаеву одамҳояшро. Ман гуфтам, ки шиносномаҳояшонро дар ТВ нишон медиҳем.

Баътар мулоқоти ману кенҷаев дар двизия 201 барпо шуд. Аз вай пурсидам, ки мақсадат чист? Гуфт иҷлосия гузаронем, маро дар мансаби раисиам (раисии Шӯрои Олӣ, идора) барқарор кунем. Гуфтам, ҷамъ овардани депутатҳо имкон надорад. Хулоса, бо як илоҷе Кенҷаевро забонкутаҳ кардем. Баъдан ба Каримов тамос гирифтам, ки шумо Кенҷаевро кумак кардед ва вай ба Душанбе ҳуҷум кард. Агар ӯро аз Душанбе набароред, мо далелҳои қавӣ дорем, ки собит кунем, ба СММ муроҷиат мекунам, ки Ӯзбекистон болои Тоҷикистон ҳуҷум кард. Бо ҳамин Кенҷаев ақибнишинӣ кард.

- Чаро дар Иҷлосияи Хуҷанд шуморо раис интихоб накарданд?

— Қаблан гуфтам, ки вақте ба Хуҷанд ворид шудем, вазъ комилан дигар шуд. Ислом Каримов ба ман занг зад, гуфт, мушовири маро қабул кунед, баъзе масъалаҳо ҳаст. Бо забони русӣ гуфт, ки "вы единственное легитимное должностное лицо в Таджикистане". Мо шуморо дастгирӣ мекунем, гуфт.

Мушовираш омад, 7 масъаларо пешниҳод кард. Як-ду шарташ ҳамин буд, ки вазири дифоъ ва вазири ВКД-и Тоҷикистон аз одамони Ӯзбакистон таъин шаванд. Сарвазиру дигару дигар бояд аз Ӯзбакистон бошанд. Ҳамаи мухолифонро душмани миллӣ эълон кунем ва ғайра. Каримов гуфт, ман ба шумо яроқу аслиҳаву низомӣ ҳар чӣ қадаре даркор шавад, медиҳам. Ман гуфтам, ки ташаккур. Ба ман яроқ медиҳӣ, ки ман миллати худамро кушам? Ман ба ин кор намеравам. Гуфт, "тогда вы не будете председательем Верховного совета"… Хулоса, қисса дароз аст.

Ҳолнома:

Искандаров Акбаршо Искандарович  1 августи соли 1951 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Солҳои 1966 — 1970 техникуми политехникии Душанберо бо ихтисоси инженер-сохтмончӣ хатм кардааст. Соли 1974 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба бахши ғоибона ҳуҷҷат супорида, соли 1979 онро хатм кардааст. Соли 1989 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба итмом расонидааст. Искандаров дар соли 1990 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар соли 1991 ба мансаби раисии Шӯро Олӣ ва дар соли 1992 — аз 7 сентябр то 22 ноябри ҳамон сол иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон расид.

Баъдтар дар солҳои гуногун сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, дар Қазоқистон ва Муғилистон таъин шуд. Ҳоло ба корҳои илмӣ машғул аст.

Оиладор соҳиби 7 фарзанд.

© SputnikАкс аз бойгонии шахсии Акбаршо Искандаров
Акс аз бойгонии шахсии Акбаршо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Акс аз бойгонии шахсии Акбаршо Искандаров
Лентаи хабарҳо
0