Тазоҳурот дар Кишинёв: боздоштшудаҳо низ ҳастанд

© Sputnik / Руслан Шалапуда / Гузариш ба медиабонкЭътирозҳо дар Кишинёв, пойтахти Молдова
Эътирозҳо дар Кишинёв, пойтахти Молдова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Кишинёв рӯзи якшанбе гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оғоз гардидааст, ки дар он намояндагони платформаҳои шаҳрвандӣ, DA (Demnitate si adevar — Шараф ва ҳақиқат) ва ҳаводорону аъзои Ҳизби "Хонаи мо - Молдова" («Блоки сурх») иштирок доштанд.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Григорий Петренко, раҳбари Ҳизби "Хонаи мо — Молдова" ва собиқ вакили парлумони Молодова ҳамроҳ бо ду тан аз ҷонибдоронаш ба муҳлати 72 соат ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора Анна Урсаки, вакили мудофеи ӯ хабар додааст.

Дар шаҳри Кишинёв рӯзи якшанбе гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оғоз шудаанд, ки дар он намояндагони платформаҳои шаҳрвандӣ, DA (Demnitate si adevar —"Шараф ва ҳақиқат") ва ҷонибдорону аъзои Ҳизби "Хонаи мо — Молдова" («Блоки сурх») иштирок доранд. Намояндагони DA дар рӯбарӯи бинои ҳукумат таҷаммӯъ карда, ҷонибдорони «Блоки сурх» тавассути хиёбони марказӣ то бинои Додситонии кулли ин кишвар омада, дар назди он даст ба тазоҳурот заданду истеъфои додситони кулро талаб намудаанд. Тазоҳургарон талош кардаанд, вориди бинои додситонӣ шаванд, ки кормандони пулис монеъ шуда, дар натиҷа миёни маъмурини пулис ва гирдиҳамомадагон кашмакашҳо ба миён омадааст ва неруҳи вижа ҳам ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Пас аз он, намояндагони «Блоки сурх» аз боздошти Петренко ҳамроҳ бо чанд нафар аз сӯи маъмурини пулис хабар доданд.

"Бале, бачаҳо 72 соат дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд. Онҳо дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор мешаванд. Ҳоло барои гузаронидани ташхиси тиббӣ ба беморхона фиристода шуданд. Ҳамроҳи онҳо ноболиғе ҳам боздошт шудаааст, вале ӯро раҳо хоҳанд кард. Аммо Петренко, Павла Григорчук ва Михаил Амерберг дар ҳабс боқӣ мемонанд", — гуфтааст Урсаки.

Ин бори аввал нест, Григорчук ва Амерберг аз сӯи маъмурини пулис боздошт мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта низ онҳо ба иттиҳоми ташкили гирдиҳамоиҳо ба хотири ноором кардани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар кишвар боздошт шуданд, вале ин иттиҳом исботи худро наёфт.Моҳи апрели соли равон қарори мамнуулхуруҷи эшон ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шуд.

Петренко, Григорчук ва Амерберг узви пешини Ҳизби коммунистии Молдова мебошанд. Вазъ дар "шаҳраки хаймаҳо"-и майдони марказии Кишинёв, ки дар он рӯзи якшанбе эътирозҳо алайҳи ҳукумат баргузор шуд, феълан ором арзёбӣ мешавад ва шабона мардум эътирозгаронро бо хуроки гарму об таъмин кардаанд.

Дар рӯбарӯи бинои ҳукумат дар умум 60 хайма қомат афрохтааст, ки эътирозгарон мегӯянд, эҳтимоли зиёдшавии теъдоди хаймаҳо вуҷуд дорад. Дар умум 150 нафар шабона навбатдорӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир равуо тавассути хиёбони марказӣ дубора аз сар гирифта шуда, назорати пулис ба тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0