ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бозорҳои калонтарини пойтахти Тоҷикистон, "Корвон", "Саховат", "Султони Кабир" ва "Шохмансур" аз сӯи мақомоти шаҳри Душанбе то рӯзи 10 сентябр баста шудаанд, навиштааст Радио Озодӣ.
Далели баста шудани дари бозорҳо ба тоҷирон аз сӯи маъмурияти онҳо баргузории рӯзҳои санитарӣ гуфта шудааст. Субҳи 6 сентябр дар баробари бозорҳои калонтарин, инчунин фаъолияти марказҳои савдои Панҷшер ва Ганҷина, ки дар наздикии бозори Саховат ҷойгиранд, қатъ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ОИ "Азия-Плюс" далели баста шудани дари бозорҳои калонтаринро ба хотири таъмини амният ва гурез аз издиҳоми зиёди мардум хондааст. Бо вуҷуд, масъулини шаҳрдории Душанбе рабт доштани басташавии бозорҳо ба ҳамлаҳои охир дар пойтахтро таъйид накарданд.
Манбаъ афзудааст, ки азсаргирии фаъолияти бозорҳо вобастагӣ ба вазъият дошта, шояд дар он тағйироте ворид шавад. Рӯзи 9 сентябр дар кишвар аз 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ таҷлил хоҳад шуд.