Бозори “Корвон” акнун соҳиби низоми муҳофизат аз сӯхтор аст

Обуна шудан
Баъд аз оташсӯзии моҳи сентябри соли 2012 маъмурияти бозор низоми худии муҳофизат аз сӯхторро таъсис дод ва он на фақат қаламрави бозор, балки гирдуатрофро низ аз сӯхтор эмин нигоҳ медорад.

Тайи се соли ахир дар бозори "Корвон" боре ҳам оташсӯзӣ ба қайд гирифта нашудааст. Агар ба омори соли 2012, ки се-чаҳор маротиба дар ин бозор сӯхтор ба амал омад, назар афканем, пас метавон гуфт, ки нишондоди феълӣ аз дастоварди муҳими маъмурияти "Корвон" маҳсуб мешавад.

Сӯхтори ахир ба бозор ҳудуди 5 миллион сомонӣ хисорот овард, он вақт масоҳати беш аз 80% яклухтфурӯшии "Корвон" (масоҳати умумии бозор 24 га), ки 10 гектарро ташкил медод, ба коми оташ рафт. Дар маҷмӯъ 10 ҳазор нуқтаи савдо зарар дидан, 8 ҳазор тоҷир аксари молу коло ва дороиҳояшонро аз даст доданд.

Сабаби сӯхтор оташзанӣ унвон мешуд, аммо омили он ошкор нагардид.

Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки бозори "Корвон" бояд соҳиби хадамоти махсуси оташнишонӣ бошад. Ҳоло бозор дорои депои сӯхторнишонӣ, ду нақлиёти вижа, 300 дурбини назоратӣ буда, 100 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ минтақаро нигоҳубин мекунанд.

Тайи ин муддат низоми худкори интиқоли об барои оташнишонӣ фаъол шуда, ҳавзи нигаҳдории об дар ҳаҷми 1000 мукааб ба истифода дода шуд. 9 гидрант ва 10 обанбори эҳтиётӣ низ созмон дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0