Тавофуқ ба даст омад: Пекин ба Душанбе $500 млн. медиҳад

© SputnikБинои БМТ ҶТ, Акс аз бойгонӣ
Бинои БМТ ҶТ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо амалӣ гардидани созишномаи “СВОП”, ки як навъ табодули асъор миёни бонкҳо ба муддати муайян гуфта мешавад, дар назар аст, харидории доллари амрикоӣ аз ҷониби тоҷирони тоҷик, ки асосан аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд, коҳиш ёбад.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин созишномаи "СВОП"-ро имзо карданд, ки дар асоси он тоҷирону соҳибкорони тоҷик метавонанд мустақиман пули сомониро бо юани Чин иваз карда, аз он кишвар молу коло ворид созанд, менависад хабаргузории Озодагон бо истинод ба дафтари матбуотии БМТ.

Ба қавли сухангӯи Бонки миллӣ Абдуғаффор Қурбонов, созишномаи мазкур муҳлати 3 солро дар бар гирифта, зери он Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ ва Жоу Шиаогуан, раиси Бонки мардумии Чин имзо гузоштаанд.

Юан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: имкони додугирифти Чину Тоҷикистон бо юан вуҷуд дорад

Бар пояи ин тавофуқот, Чин давоми се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард юан (муодили $500 млн.) медиҳад.

Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сурати тасвиби созишномаи "СВОП" табодули сомонӣ бо юани чинӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бо амалӣ гардидани созишномаи "СВОП", ки як навъ табодули асъор миёни бонкҳо ба муддати муайян гуфта мешавад, дар назар аст, харидории доллари амрикоӣ аз ҷониби тоҷирони тоҷик, ки асосан аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд, коҳиш ёбад.

Зимнан, дар асоси созишномаи мазкур соҳибкорону тоҷирони тоҷик аз кишвар доллар харидорӣ намуда, онро дар бонкҳои Чин бо юан иваз мекунанд ва пасон маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ мекунанд. Ҳадафи аслии имзои ин тавофуқот тавсеаи ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди молӣ ва соддасозии фаъолияти тоҷирон унвон мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0