82 сол қабл аз ин барои нахустин бор қуллаи баландтарини ИҶШС (СССР) бо номи қуллаи "Коммунизм" аз ҷониби инсон фатҳ гардид. 3 сентябри соли 1933 кӯҳнаварди шӯравӣ- иштирокчии экспедитсия "Тоҷикистон-Помир"-и Академияи улуми СССР Евгений Абалаков бо гуруҳе аз алпчиён ба ин ҷо баромад. Дар роҳ ба фатҳи қуллаи "Коммунизм" ду иштирокчии экспедитсия ба ҳалокат расиданд.
Соли 1969 бошад аввалин зан-устоди варзиш Людмила Аграновская ба фатҳи қулла муваффақ шуд.
Соли 1972 аллакай 580 маротиба ба қулла пои одамон расид.
Моҳи феврали соли 1986 года барои аввалин бор сафари зимистона ва фатҳи қулла сурат гирифт. 24 кӯҳнавард аз СССР (17 нафар аз гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва 7 кас аз Ӯзбакистан) сармои сангину шадидро пушти сар карда, ба қулла баромаданд.