Ҳунарманди саршиноси тоҷик Марат Орифов бо наберагонаш қариб ки дидор надорад, аммо ба гуфташ ҳайвоноти хонагӣ ҷои онҳоро пур мекунанд.
"Мо ду саг ва панҷ гурба дорем. Ман онҳоро хеле дӯст медорам. Як вақт теъдоди онҳо то 18-то мерасид. Ҳатто харгӯш ҳам доштем, аммо сагҳо онҳоро дӯст намедоштанд",- гуфт Орифов.
Ба гуфти ҳунарманд, ӯ соҳиби ҳафт писару як духтар аз чанд никоҳаш мебошад. "Онҳо дар гӯшаву канорҳои дунё ба сар мебаранд",- шӯхӣ мекунад вай.
"Фарзандон байни якдигар рафтуомаду дидор доранд, аммо бо мо хеле муддат боз иртибот надоранд. Гоҳ-гоҳ набераҳоямон- фарзандони духтарамон меоянд",- мегӯяд Геновайте Ионовна, ҳамсари ҳунарманд.
Орифов бо Геновайте Ионовна ҳангоми банаворгирии филми "Тирандозии якбора" шинос шуд. Акнун 36 сол боз якҷоя зиндагӣ доранд ва аз ин никоҳ соҳиби як писар бо номи Анӯшервон мебошанд.
Имсол Марат Орифов ба синни мубораки 80-солагӣ расида, онро дар хона ҷашн гирифт. Ӯ 27 августи соли 1935 дар Душанбе ба дунё омадааст. Модараш- Тӯҳфа Фозилова, ҳунарманд ва овозхони шинохтаи кишвар буд. Марат тайи солҳои 1954-60 дар факултаи актёрии омӯзишгоҳи театрии шаҳри Тошканд ба номи А.Н. Островский таҳсил карда, соли 1965 факултаи коргардонии ВГИК-ро хатм кардааст.
Шӯҳрати Марат Орифов баъд аз иҷрои нақшаш дар филми таҳиягар Борис Кимёгаров "Қисмати шоир" боло рафт.
Солҳои 60 ва 70-и садаи бист ӯ дар филмҳои зиёде нақш бозида, маҳбубияти бузургро касб кард. "Абу Сино" (1956), "Насриддин дар Хуҷанд" (1959), "Писарро хонадор бояд кард" аз ҷумлаи беҳтарин филмҳои тарбиявӣ буданд, ки дар онҳо ОРифов нақши асосиро бозидааст.
Ӯ дар таҳия чандин филм низ иштирок карда, ҳамчун коргардон баҳои хуби тамошобинонро гирифтааст.
Ҷоиза ва мукофотҳо:
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (2008).
Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон (1960).
Дипломи ҷашнвораи кинои умумиитфиқӣ дар Минск (1960) барои иҷрои нақши асосӣ дар фили "Қисмати шоир".
Ҷоизаи ҷашнвораи синамои Қоҳира (1960) барои нақши асосӣ дар филми "Қисмати шоир" (1959).